Равзанаи адаб

К-андар он таркиб омад муъҷизот,
Ки ҳама таркибҳо гаштанд мот.
Ў низ мисли ҳамаи одамони заминӣ ранҷу сахтӣ мебинад, дарди ҳиҷрон мекашад, гоҳ аз ғаму андўҳ мехоҳад худро аз кўҳ ба зер афканад :
Мустафо сокин шудӣ з-андохтан,
Боз ҳиҷрон оваридӣ тохтан.
Боз худро сарнагун аз кўҳ ў
Мефигандӣ аз ғаму андўҳ ў.
Симои Муҳаммад дар маснавӣ аксаран чун пири хирадманд таҷассум ёфтааст. Ў Алиро ба роҳи неки зиндагӣ ҳидоят намуда, баргузидани тоати илоҳиро василаи асосии раҳоӣ аз аз ҳама офот медонад :
Ё Алӣ, аз ҷумлаи тооти раҳ
Баргузин ту сояи хоси илаҳ.
Дар зимни насиҳати котиби ваҳй низ паёмбар ўро ба дурӣ ҷустан аз кибру ғурур ва пеша кардани фурўтаниву хоксорӣ даъват менамояд :
Эй бародар, бар ту ҳикмат ҷорӣ аст,
Он зи абдол асту бар ту орӣ аст.
Шукр кун, ғарра машав, бинӣ макун,
Гўш дору ҳеч худбинӣ макун.
шудааст. Ба аёдати яке аз саҳобагони бемор рафтани ўро ба қалам дода, манфиатҳои он аёдатро шоир таъкид менамояд :
Аз саҳоба хоҷае бемор шуд
В-андар он бемориаш чун тор шуд.
Мустафо омад аёдат сўи ў,
Чун ҳама лутфу карам буд хўи ў.
Дар аёдат рафтани ту фоидаст,
Фоида он боз бо ту омадаст.
Аёдати Паёмбар ба бемор рўҳи тоза бахшида, умри дубора ато мекунад. Паёмбар меҳрубониро ҳатто дар мавридҳое, ки мунофиқон нисбат ба ў бадкорӣ мекунанд, аз даст намедиҳад :
Бар расули Ҳақ фусунҳо хонданд,
Рахши дастону ҳиял меронданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё