Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо Муҳаммад буд ишқи пок ҷуфт, Баҳри ишқ ўро Худо лавлок гуфт.
Мунтаҳо дар ишқ чун ў буд фард, Пас мар ўро з-анбиё тахсис кард.
Аз ин ҷост, ки ў на танҳо барои ҳамаи мусулмонон азизу муътабар аст, балки аҳли адёни дигар низ эҳтиромашро ба ҷой меоваранд. Аз ҷумла насрониён нисбат ба ў дилбастагии зиёд доранд.
Ба ҳазрати Муҳаммад на танҳо мардум муҳаббату самимият доранд, балки паррандагону наботот низ меҳр меварзанд. Дар маснавӣ омадааст, ки Паёмбар ҳангоми вазъ гуфтан ба нахле таъкид мекард. Пас аз он ки барояш минбар сохтанд ва ў аз нахл дур шуд, тани нахл гирён гардид :

Устуни ҳаннона аз ҳаҷри Расул
Нола мезад ҳамчун арбоби уқул.

Мавлавӣ бузургии Муҳаммадро ҳанўз аз замони тифлиаш таъкид менамояд. Дар қиссаи «Донаву ҳаким ва гум шудани тифл»
аз забони пирамарде дар ҳаққи ў мегўяд :

Ғам махўр ёва нагардад ў зи ту,
Балки олам ёва гардад андар ў.

Ҳар амале, ки аз паёмбар ба вуқуъ мепайвандад, дурусту савоб аст, зеро он аз фармудаву ваҳйи Худованд аст :

Он ки аз Ҳақ ёбад ў ваҳю ҷавоб,
Ҳар чи фармояд, бувад айни савоб
.
Аз нигоҳи Мавлавӣ Паёмбари ислом аз ҳар лиҳоз беназиру нотакрор аст. Аз ин ҷост, ки ўро хотами пайғамба- рон донистаанд :

Баҳри ин хотам шудаст ў бар вуҷуд,
Мисли ў на буду на хоҳад буд.

Бо ин ҳама бузургӣ Муҳаммад мисли ҳамаи инсонҳои заминӣ аст. Таркиби ҷисми ў низ аз дигарон тафовуте надорад :
Ҳаст таркиби Муҳаммад лаҳму пўст, Гарчи дар таркиби ҳар тан ҷинси ўст.
Гўшт дорад, пўст дорад устухон,
Ҳеч ин таркибро бошад ҳамон ?

пешина
аз 625
навбатӣ