Равзанаи адаб

Инсони комили Ҷалолиддини Балхӣ аз шоирони дигар фарқ мекунад. Тафовути асосӣ пеш аз ҳама дар он аст, ки инсони Мавлоно ҷанбаи воқеӣ дорад. Дар осори ў Шамсиддин Муҳаммади Табрезӣ, Салоҳиддини Заркўб, Ҳисомуддини Чалабӣ чун инсони комил ба қалам омадаанд. Вале беш аз ҳама инсони комил дар симои Паёмбари ислом Муҳаммад (С) таҷассум ёфтааст.
«Аз нигоҳи Мавлавӣ инсон ҳарчанд ба зоҳир олами хурд аст, вале дар маъниву моҳият олами бузург буда, шарифтарину бузургтарин офаридаи Парвардигор ба ҳисоб меравад :
Пас ба сурат олами асғар туӣ,
Пас ба маънӣ олами акбар туӣ.
Сабаби асосии бузургиву тавоноии инсон дар он аст, ки ў аз Худованд нерў мегирад. Аз ин ҷост, ки кулли махлуқоти олам эҳтироми вайро ба ҷо меоранд :
Одамӣ чун нур гирад аз Худо,
Ҳаст масҷуди малоик з-иҷтибо.
Оид ба мақоми инсон дар осори Ҷалолиддини Бахӣ баъзе донишмандон аз қабили Р. Николсон, Бадеуззамон Фурўзонфар, Анамерӣ Шемел, Абдулҳусайни Зарринкўб ишораҳо кардаанд, вале таҳқиқи ҷиддӣ ва ҷудогонаи ин мавзўъ ҳанўз сурат нагирифтааст. Аз ҷумла донишманди олмонӣ А. Шемел дар ин бора фармудааст : «Аммо беш аз олами ҷамодоту гиёҳон ва ҳайвонот дунёи одамӣ Мавлавиро ба сўи худ мекашад ва камтар ҷанбае аз зиндагии инсон, ки бад-он напардохта бошад…»
Тавре ки маълум аст, робитаи инсон ва Худо аз мавзўъҳои асосии «Маснавии маънавӣ» буда, дар шаш дафтари маснавӣ бо шевотарин тасвирҳо ва хаёлбандиҳо матраҳ гардидааст. Мавлоно Паёмбари акрам(с)-ро ноиби Худованд дар замин медонад, ки мардум дар сурати ў таҷаллии илоҳиро аён мебинанд :
Чун Худо андар наёяд дар аён,
Ноиби Ҳаққанд ин пайғамбарон.
Ҳазрати Муҳаммад (с), ки инсони баргузида ва комил аст, дар тасвири Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар миёни кулли паёмбарон имтиёз дорад. Ў беш аз дигарон ба Худованд наздиктар аст :

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё