Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

31Дар ин бобат руҷўъ шавад: Мирзо Муллоаҳмад, Паёми
ахлоқии Фирдавсӣ, Душанбе, 2003, саҳ.65-66.; Нозир Арабзода.
Ҳикмати амалии Саъдӣ, Душанбе, 2002, саҳ.66.
Ганҷинаи ахлоқи ҳамида

Ҷалолиддин Муҳаммади Балхии Румӣ аз зумраи адибону орифони бузургест, ки на танҳо дар адабиёту фарҳанги форсизабонону Шарқ, балки кули ҷаҳон мақому ҷойгоҳи баланд доранд. Осори гаронбаҳои ў, ба хусус «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир», ки бо унвони «Девони Шамси Табрезӣ» мащҳур аст, дар ганҷинаи тамаддуни олам ҷои сазовор гирифтаанд. Зеро дар онҳо масъалаҳои мубраму ҳассоси ҳаёту маънавиёти ҷомеа, асрори ҳастии оламу одам бо хаёлбандиҳои шигифтангез ба қалам дода шудаанд. Ҳамчунин дар маркази ин офаридаҳои пурбаҳо ва рисолаи фалсафии «Фиҳӣ мо фиҳӣ» инсон қарор дорад. Инсоне, ки бо Офаридгор робитаи қавӣ дошта, худ офаридгори неъматҳои моддиву маънавист ва аз ҳамаи офаридаҳои Парвардигор бартару волотар аст.
Мавлоно ва аҳли тасаввуф ўро Инсони комил номида ,саъй кардаанд, ки дар осори худ олами ботиниву маънавиашро ба қалам диҳанд.

пешина
аз 625
навбатӣ