Равзанаи адаб

Зи нодону зи ноҷинсу зи нокас,
Ба шаб бигрез, мангар ҳеҷ дар пас…
Макун коре, ки на кори ту бошад
В-аз он дар ҳар дил озори ту бошад.
Ҳазар аз молдори пуртакаббур,
Ки мабраз гандатар гардад, чу шуд пур.
Табарро кун зи ҳар бадфеълу бадном,
Ки бадномат кунад охир саранҷом…
Ба ин тартиб шоир бо шахсони бадкору бадсиришт, сарватманду мағрур ва тасодуфӣ наздикиву қаробат накарданро дархост менамояд.
Чунин андешаҳои баланду судманди ахлоқӣ дар қасоид ва қитъаҳои шоир низ хеле фаровон буда, таҳлилу баррасии онҳо рисолаи ҷудогонаро дархост менамояд ва аз гунҷоиши ин гуфтор берун аст. Фақат бояд ҳамин нуктаро таъкид кард, ки рукнҳои асосии маромномаи ахлоқии Носири Хусрав маҳз дар ҳамин ду маснавии ў баён шудаанд. Аз ин рў мо бештар оид ба онҳо таваққуф намудем, то роҳнамое барои хонандагон бошад.
Соли 2004

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё