Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳалимӣ кун чу дона дар таҳи санг,
Гарат бар сар бигардад осиёсанг.

Носири Хусрав дар «Саодатнома» ба мазаммати хислатҳои бад низ таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намудааст. Зеро барои ташаккулу такомули инсон ў дур сохтани хислатҳои бадро зарур мешуморад.
Яке аз чунин хислатҳои бад озу тамаъ аст, ки пешиниён низ ба он эътибори зиёд додаанд. Ин хислатро, ки боиси хориву залили инсон мегардад, ҳамаи шоирон мазаммат кардаанд. Носири Хусрав низ мардумро ба дурӣ ҷустан аз ин хислат зишт даъват менамояд:

Тамаъ бисёр кардан хорӣ орад, Натиҷа хорӣ аз ғамхорӣ орад.
Мадор аз кас тамаъ ҳар дам ба чизе, Шавад хор аз таваққўъ ҳар азизе…
Тамаъ дорӣ, саги ҳар тиракешӣ, Чу бубридӣ тамаъ, султони хешӣ! Тамаъ аз назари шоир инсонро пойбанду асир месозад ва барои халосӣ аз ин асорат бояд аз молу чизпарастӣ дур шуд:

Тамаъ бар ҳар чӣ бастӣ, пой бастӣ,
Чу даст аз ҷумла шустӣ, рав, ки растӣ.

Кибру ғурур низ аз хислатҳои ношоямест, ки инсонро аз худшиносӣ дур месозад. Барои он ки шахс ба худшиносӣ шурўъ намуда, аз он ба худошиносӣ бирасад, бояд роҳи фақру баномусиро пеш гирад:

Раҳи фақр аст роҳи босаломат,
Барӣ аз шарру эмин аз маломат…
Агар боному бономўс бошӣ,
Набошӣ марди раҳ, солус бошӣ
Зи худбинӣ ҳазар кун, то чӣ бинӣ,
Худо бинӣ, агар худро набинӣ.

Носири Хусрав дар маснавии «Саодатнома» фаслеро ба гўшанишинӣ ихтисос додааст. Вале дар ин фасл сухан на аз узлати оини тасаввуф, балки роҷеъ ба дурӣ ҷустан аз ҷоҳилону нокасон, машғул нашудан ба кори носозгори тавону иқтидор меравад:

Бибур аз ҷоҳил, арчи хеш бошад, Ки ранҷи ў зи роҳат беш бошад.

пешина
аз 625
навбатӣ