Равзанаи адаб

Шоир арзишу аҳамияти некиро дар ҳаёти инсон таъкид намуда, инсони накўкорро ситоиш мекунад. Вале ў некиро на ба ҳама, балки ба шахсони сазовор зарур мешуморад:
Ҳамеша некхоҳи мардумон бош,
Ба некӣ кўш, он гаҳ дар амон бош…
Дилатро бо мурувват муттафиқ кун,
Агар хайре кунӣ, бо мустаҳиқ кун.
Чунин андешаро Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ва Саъдӣ дар осори ахлоқии худ борҳо таъкид кардаанд. Вале дар осори шоирони мутасаввиф некӣ кардан ба ҳама, ҳатто ба одамони бадсиришту бадкор талқин мешавад. Аз ҷумла дар қитъаи маъруфи Сайид Алии Ҳамадон инро равшан метавон мушоҳида кард:
Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар ўро ёр бод,
Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархўрдор бод.
Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,
Ҳар гуле, к-аз боғи васлаш бишкуфад, бекор бод.
Дар ду олам нест моро бо касе гарди ғубор,
Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод.
Қабл аз он ки роҷеъ ба мазаммати хислатҳои бад сухан ба миён оварда шавад, ин нуктаро бояд тазаккур дод, ки ҳарчанд «Саодатнома» аз фаслҳои ҷудогона иборат аст, вале дар он ситоиши фазилатҳои неку мазаммати хислатҳои бад ҷудо карда нашудаанд. Шоир дар зимни тавсифи хислатҳои ҳамида аксаран ба хислатҳои бад ишора менамояд ва зарари онҳоро нишон медиҳад.
Масалан, дар пораи зайл хислатҳои неку бад дар ихтилот бо ҳам зикр шудаанд:
Бирав, бо халқ хушгў бошу хушхў,
Ки хун аз тарбият шуд мушки хушбў.
Гузар аз тундию аз тундхўӣ,
Тавозўъ пеша кун, гар тозарўӣ
Гиреҳ бо ҳар касе мафкан дар абрў,
Чӣ бадтар бошад аз марди турушрў?
Мапиндор аз лаби ширин зиён аст,
Ки хандонрўй доим дар амон аст.
Фурў хўр хашм андар вақти гармӣ,
Зи мўъмин хуш бувад чарбию нармӣ.
Машав ғарра ба зўру бозуи хеш, Ки дорад зўри бозу беш аз пеш?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё