Равзанаи адаб

Дар қасидаи дигари шоир, ки он ҳам ба мадҳи Султон Маҳмуд бахшида шудааст, «Шоҳнома» саросар иборат аз афсонаҳои дурўғ дониста шудааст:
Гуфто: «Чун ў дигар ба ҷаҳон ҳеҷ шаҳ бувад?»
Гуфтам: «Зи ман мапурс, ба «Шаҳнома» кун нигоҳ».
Гуфто, ки «Шаҳнома» дурўғ аст сарбасар, Гуфтам: «Ту рост гиру дурўғ аз миён бикоҳ».
Чунон ки ҳувайдост, Фаррухӣ низ ба тақозои майлу хоҳиши мамдўҳаш Султон Маҳмуд моҳият ва арзиши баланди ватандўстии «Шоҳнома» ва аҳдофи олии Фирдавсиро нодида гирифтааст. Байтҳои мазкур ривояти зерро, ки дар «Таърихи Систон» дарҷ шудааст, ба хотир меорад: «Ва ҳадиси Рустам бар он ҷумла аст, ки Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» ба шеър кард ва бар номи Султон Маҳмуд кард ва чандин рўз ҳаме бархонд.
Маҳмуд гуфт: «Ҳама «Шоҳнома» худ ҳеҷ нест, магар ҳадиси Рустам ва андар сипоҳи ман ҳазор мард чун Рустам ҳаст».
Булқосим гуфт: «Зиндагонии худованд дароз бод!
Надонам андар сипоҳи ту чанд мард чун Рустам бошад.
Аммо ин донам, ки Худои хештанро ҳеҷ банда чун Рустам дигар наёфарид». Ин бигуфт ва замин бўса карду бирафт». Дар зимни мадҳи бародари Султон Маҳмуд сипаҳсолор Амир Юсуф ва писараш Султон Масъуд низ беэътиноии Фаррухӣ ба қаҳрамони «Шоҳнома» мушоҳида мешавад:
Сафдар чун ту набуд Рустам ё Сом, Меҳтар аз ту набуд Ҷам ё Нузар.
Зи мардум он чи ту кардӣ ҳаме ба андак сол
Ба солҳои фаровон накард Рустами Зар.
Махон қиссаи Рустами Зовулиро
Аз ин пас дигар, к-он ҳадисест мункар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё