Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар дар абёти боқимондаи қасоиди Рўдакӣ ва муосиронаш, бо вуҷуди он ки хеле кам боқӣ мондааст, гуногунии мавзўъ, фикру андешаҳои баланди иҷтимоъӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ мушоҳида шавад, дар назми давраи Ғазнавиён асосан ривоҷи мавзўи мадҳ ва масъалаҳои ишқу тасвири табиат ва маю майгусорӣ дар тағаззулот ва мусаммату тарҷеъбандҳо ба назар мерасад. Масалан, мавзўи ватандўстӣ дар осори шоирони асри Х, ба хусус дар осори боқимондаи Рўдакӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҷойгоҳи баланд дорад ва бешубҳа ба сиёсати Сомониён созгор буд.
Вале дар ашъори шоирони нимаи аввали асри Х1 на танҳо мавзўи ватандўстӣ мушоҳида намешавад, балки баръакс таънаву таҳқири қаҳрамонони «Шоҳнома» хеле зиёд ба назар мерасад. Шоирони аҳди Ғазнавиён Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Асҷадӣ ҳар гоҳ сухан аз футуҳоту корнамоиҳои мамдўҳ равад, ба ситоиши муболиғаомез пардохта, ҳамеша ўро аз қаҳрамонони «Шоҳнома» бартар медонанд. Ҳоло чанд намунаро фақат аз осори яке аз намояндагони адабиёти ин давра Фаррухии Систонӣ, ки девони ў тақрибан ба таври комил боқӣ мондааст, нақл мекунем. Аз ҷумла Фаррухӣ дар қасидае лашкаркашии Султон Маҳмудро ҳангоми фатҳи Хоразм тавсиф намуда, ўро аз бузургтарин қаҳрамонони «Шоҳнома» Рустам ва шоҳи машҳур Ҳушанг ба маротиб афзал мешуморад:
Эй ба лашкаршиканӣ бештар аз сад Рустам, Эй ба ҳушёрдилӣ бештар аз сад Ҳушанг, Бежан ар бастаи ту будӣ, раста нашудӣ Ба ҳиял сохтани Рустами нев аз Аржанг.

пешина
аз 625
навбатӣ