Равзанаи адаб

Ҳарчанд бо баҳонаву роҳҳои гуногун Ғазнавиён баъзе зиддиятҳои дохилии мамлакатро то андозае ором намуданд, вале онҳо натавонистанд аз ўҳдаи бартараф кардани ҳамаи ихтилофҳо бароянд ва аз ҳамин сабаб давлати пуриқтидори онҳо низ дар муддати кўтоҳ барҳам хўрд. Чунин муҳити сиёсиву иҷтимоӣ ба ҳаёти адабии давр таъсири амиқ гузошта, ба он вежагиҳои хос бахшид.
Тавре ки зикр шуд, Ғазнавиён низ монанди Сомониён ба адабиёт таваҷҷўҳи хос зоҳир намуда, шоирони зиёдро ба дарбор ҷамъ меоварданд ва ба шоирони мадеҳасаро атоҳои медоданд. Вале азбаски ҳадафҳои сиёсии ин ду сулола аз ҳам тафовут доштанд, бинобар ин чунон ки А. Н. Болдирев дуруст таъкид менамояд, «дар Ғазнин дар назди адибони дарбор нисбат ба шоирони Бухоро вазифаҳои дигар меистод». Аммо ин ҳолат на танҳо муаллифони сарчашмаҳои зиёд, балки баъзе муҳаққиқони имрўзаро низ ба иштибоҳ овардааст ва онҳо Султон Маҳмудро «ҳавохоҳи ҳунару дониш», «илмдўсту адабпарвар» шуморида, ҳадафи ўро
«тарвиҷи шеъру адаб» донистаанд.
Вале агар ба сиёсату тадбирҳои Ғазнавиён нисбат ба шеъру шоирӣ амиқтар назар карда шавад, маълум мегардад, ки тадбирҳои онҳо на барои рушди адабиёт, балки барои амалӣ намудани ғаразҳои сиёсиву шахсиашон ва маҳдуд кардани имкониятҳои озодандешии шоирон равона шудааст. Инро сарнавишти яке аз шоирони давр Масъуди Розӣ, ки барои ду байти насиҳатомез ба хашми Султон Масъуд гирифтоор шуда, ба Ҳиндустон бадарға шуда буд, тасдиқ менамояд.
Ташкили девони шоирон, таъйин кардани унвони маликушшуаро, ба шоирон додани маош ва ҷорӣ кардани тадбирҳои дигар, ки имкониятҳои озодбаёнии шоиронро маҳдуд мекард, адабиёти доираи Ғазнинро ба дастгоҳи сиёсии давлат табдил дод.
Аз ин ҷост, ки қасида навъи асосиву ҳукмрони шеър гардида, мадҳ мавзўи марказии он қарор гирифт. Қасида ҳарчанд дар ин давра аз лиҳози миқдор хеле ривоҷ пайдо кард, вале аз ҷиҳати мавзўъ ва мундариҷаву муҳтаво хеле маҳдуд гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё