Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

НАЗМИ СИТОИШ ВА ТАСВИР

Адабиёти асри Х аз пурбортарин ва дурахшонтарин давраҳои адабиёту фарҳанги мардуми тоҷик ва кулли форсизабонони дунё ба шумор меравад. Бесабаб нест, ки онро даврони заррини адабиёт ҳам меноманд. Дарвоқеъ машъали назме, ки устодони бузурги ин давра Рўдакиву Фирдавсӣ ва муосиронашон афрухтанд, роҳи минбаъдаи адабиёти моро мунаввар кардааст. Дар тўли беш аз ҳазор сол суннатҳои устуворе ки онҳо пайрезӣ намуданд, ҳам дар мазмуну мавзўот, ҳам дар қолабу анвоъи шеър ва ҳам дар калому ороишоти он пайваста идомаву такмил ёфта, боиси мондагории фарҳангу тамаддуни мардуми мо шудаанд.
Дар рушди сареъи адабиёту фарҳанги тоҷик дар он даврон саҳми давлати Сомониён, ки ба аҳли илму адаб таваҷҷўҳи хос зоҳир намуда, барои онҳо шароити мусоид фароҳам оварда буд, хеле бузург аст. Вале, мутаассифона, дар охири асри Х дар натиҷаи кашмакашҳои дохилии ҳокимон, қувват гирифтани майли марказгурезии онҳо, хеле зиёд шудани унсурҳои аҷнабӣ дар ҳукумат, ба хусус лашкар, пурзўр шудани ихтилофоти табақавӣ, бад шудани вазъи заҳматкашон ва дар мубориза бо аҷнабиён ҳукуматдоронро дастгирӣ накардани омма ва омилҳои дигар давлати мутамаркази Сомониён барҳам хўрда, дар Мовароуннаҳр сулолаи Қарохониён ва дар Хуросон Ғазнавиён дар шаҳри Ғазнин ба тахти ҳукумат нишастанд. Бо он ки сулолаҳои мазкур туркнасаб буданд, на танҳо аксари суннатҳои давлатдории Сомониёнро идома доданд, балки забони форсии дарӣ(тоҷикӣ)-ро забони расмӣ қарор дода, ба рушди адабиёти форсӣ низ таваҷҷўҳ зоҳир менамуданд.
Аз ин ҷост, ки дарбори онҳо ба хусус боргоҳи Ғазнавиён дар нимаи авали асри Х1 маркази асосии адабӣ ба шумор мерафт.
Давлати Ғазнавиён, ки рўзгори шоирони маъруфи давр Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Асҷадӣ, Ғазоириии Розӣ ва амсоли онҳо ба он марбут аст, дар давраи ҳукмронии Султон Маҳмуд(998 – 1030) аз лиҳози пешрафти иқтисодиёт ва иқтидори сиёсиву ҳарбӣ ба яке аз лавлатҳои қудратманди Шарқ табдил ёфт.

Хазинаи давлат бештар ба василаи ҷангҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва махсусан, футуҳоти Ҳиндустон ғанӣ карда мешуд. Ин роҳи пешгирифтаи Султон Маҳмуд ва дигар шоҳони ғазнавӣ ба рушди якҷонибаи давлат мусоидат карда, боиси таназзули неруҳои тавлидиии кишвар ва бадтар шудани вазъи мардум мегардад. Бинобар ин шоҳони ғазнавӣ саъй менамуданд, ки бо ҳар восита муборизаҳои дохилии кишварро хомўш карда, мамлакатро дар оромиву осоиш нигоҳ доранд. Яке аз чунин воситаҳо, ки аз як тараф ниятҳои ғоратгаронаи онҳоро рўйпўш намуда, аз тарафи дигар мардуми қашшоқу бенавои исёнхоҳро ба ҷанг ҷалб мекард, сиёсати диниву мазҳабӣ буд, ки асоси онро шиори ғазавот ё интишори дини Ислом ташкил медод. Маҳз бо ҳамин баҳона онҳо ба Ҳиндустон лашкар кашида, сарват ба даст меоварданд.

пешина
аз 625
навбатӣ