Равзанаи адаб

Чунин ситоишҳои пурмуболиға ва беэътиноӣ ба «Шоҳнома» ва қаҳрамононаш дар қасоиди Фаррухӣ ва муосиронаш хеле фаровон аст, ки бешубҳа аз сиёсати давлати Ғазнавиён ва муносибати шоҳони ғазнавӣ ба «Шоҳнома» маншаъ мегирад. Тавре ки баррасиҳо нишон медиҳанд, амирони сомонӣ сиёсати диниву ватандўстӣ ва ифтихори миллиро бо ҳам пайваста, баробари тарғиби дини ислом ба барангехтани эҳсоси ватандўстии мардум низ таваҷҷўҳи зиёд зоҳир менамуданд. Вале Ғазнавиён сиёсати диниро шиору ниқоби худ қарор дода, ба футўҳоту ғоратгарии кишварҳои ҳамсоя мепардохтанд. Ҳарчанд онҳо худро зоҳиран пайрави Сомониён вонамуд карда, шоиронро ба дарбор ҷамъ оварданд, вале ҳадафи онҳо дигар буд.
Барои шоҳони ғазнавӣ на андешаҳои ватандўстиву ифтихори миллӣ, балки мадҳу ситоиши корнамоиҳо ва футуҳоташон муҳим буд. Аз ин ҷост, ки «Шоҳнома» ба ҳадафҳои онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ созгор набуд ва сабаби қадр нашудани он ҳам дар ҳамин аст. Ин сиёсати Ғазнавиёнро шоирони дарбор хуб дарк карда буданд, аз ин ҷост, ки «Шоҳнома» ва қаҳрамонони онро паст мезаданд. Вале баъзе муҳаққиқон омилҳои дигарро сабаби пазируфта нашудани «Шоҳнома» нишон додаанд. Аз ҷумла, Абдулҳусайни Зарринкўб дар бораи Султон Маҳмуд сухан ронда, соҳибзавқу шеърдўст будан ва махсусан тамоили зиёди диниву мазҳабӣ доштани ўро таъкид намуда, сабаби муносибати нохуши султонро ба шоир дар ҳамин замина дониста навиштааст: «Чунонки иллати адами илтифоти ў ба «Шоҳнома» зоҳиран иттиҳоми Фирдавсӣ ба рафзу иштимоли китоби ў бар корномаи маҷус бояд буда бошад» Вале ба назари мо ҳам шеърдўстӣ ва ҳам динпарастии Султон Маҳмуд ҷанбаи тазоҳурӣ дошта, дар зери ниқоби онҳо ғаразҳои сиёсӣ нуҳуфтааст. Далелҳои зиёде мавҷуданд, ки сусту заиф будани эътиқоди динии ўро нишон медиҳанд, ки ба ин Абдулҳусайни Заринкўб ҳам иқрор аст ва «динро василаи ағрози дунявӣ» сохтани ўро таъйид кардааст.
Бинобар ин таваҷҷўҳи Султон Маҳмуд ба дину мазҳаб натиҷаи «завқи мазҳабӣ»-и ў набудааст. Сиёсати пешгирифтаи Султон Маҳмуд ҳарчанд аз тарафи шоирони дарбораш бо ҳар васила рўйпўш ва ситоиш мешуд, вале моҳияти ғоратгаронаи он ҳанўз дар ҳамон аср ошкор шуда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё