Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин рў саҳми Ибни Сино дар пешрафти адабиёти форсӣ, ба хусус баёни маъниву нуктаҳои фалсафиву ахлоқӣ дар шеър ва рушду такомули навъи шевои рубоӣ чун ҳампешаи ў ҳаким Умари Хайём хеле калон аст.
Аз осори манзуми ў то имрўз тақрибан 120 байт шеъри форсӣ ва 180 байт қасоид ва қитъаоти арабӣ боқӣ мондаанд.
Ҳамчунин ў як зумра қиссаҳои марғуби фалсафиро амсоли «Ҳай бинни Яқзон», «Саломон ва Ибсол», «Рисолатуттайр» офаридааст, ки намунаҳои барҷастаи насри бадеии фалсафӣ дар адабиёти Шарқ ба шумор рафта, ба осори як қатор адибони маъруфи олам таъсир расондааст, ки «Мантиқуттайр»-и Фаридаддини Аттор, «Саломон ва Ибсол»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте ва ғайра аз он ҷумлаанд. Қиссаҳои фалсафии Ибни Сино ба забони арабӣ таълиф шуда, ба рушду такомули адабиёти араб низ таъсири калон расондаанд. Ин ҷо мо аз баррасии осори мансури Ибни Сино худдорӣ намуда, асосан ашъори ўро мавриди баҳс қарор медиҳем.
Қабл аз ҳама бояд тазаккур дод, ки барои ташаккули Ибни Сино ҳамчун донишманду адиби бузург таъсири муҳити илмиву адабӣ ва фарҳангии замони Сомониён, ки барҳақ давраи тиллоии тамаддуни мардумони эронитабор аст, хеле калон мебошад, ки дар ин бора дар сарчашмаҳои гуногуни таърихӣ ва осори тадқиқотии донишмандони зиёд маълумоти фаровон дода шудааст.
Ҳамчунин дар парваришу камолоти Ибни Сино муҳити хонаводагии ў таъсири зиёд расондааст. Ҳамон таре ки дар рисолаи «Саргузашт» худи Ибни Сино таъкид кардааст, ў дар тифлӣ қабл аз ҳама ба омўзиши «Қуръон» ва адабиёт пардохтааст.
«Сипас аз он ҷо (Афшана-М.М.) ба Бухоро кўчидем, падарам маро ба омўзгори «Қуръон» ва омўзгори адабиёт супурд. Вақте ки ба даҳсолагӣ расидам, «Қуръон» ва миқдори зиёде аз илми адабиётро ёд гирифта будам».
Минбаъд Ибни Сино омўзиши адабиёти форсӣ ва арабиро идома дода, роҷеъ ба назарияи адабиёт, арўз, қофия, бадеъ рисолаҳо таълиф менамояд, ки унвони чанде аз онҳо амсоли «Муътасимушшуаро», «Китобушшуаро», «Ҳикматул- арўзия» дар сарчашмаҳо ёд шудааст.
Ибни Сино баъзан ду ҷабҳаи фаъолияти худ-эҷоди илмӣ ва адабиро ба ҳам пайваста, як зумра рисолаҳои манзум офаридааст, ки бо унвони урҷуза маъруфанд. «Урҷуза фиттиб», Урҷуза фӣ мантиқ», «Урҷуза фитташреҳ», «Урҷуза фил фусулаларбаату», «Урҷуза фил васоёуссабият» аз ҷумлаи онҳост.

пешина
аз 625
навбатӣ