Равзанаи адаб

Ибни Сино-адиби инсонпарвар
Абўалӣ ибни Сино аз зумраи он донишмандони бузурги олам аст, ки бо осори пурбаҳои фаровони худ дар пешрафти илму тамаддун саҳми арзанда гузоштаанд. Чашмандози илмии ў хеле васеъ буда, соҳаҳои гуногуни илмҳои табиатшиносиву башариро фаро мегирад. Ин нобиғаи беназир ҳамчунин соҳиби истеъдоду ҳунари шоириву нависандагӣ буда, осори гаронбаҳои бадеӣ офаридааст. Осори адабии Ибни Сино низ чун осори илмии ў пурра ҷамъоварӣ ва нашр нашудааст. Аввалин донишманде, ки ба ҷамъоварии ашъори ў аз сарчашмаҳои гуногун машғул шудааст, ховаршиносӣ олмонӣ Ҳ. Эте мебошад, ки аз 6 тазкираву 3 баёз 13 рубоӣ ва як ғазалро ҷамъ намуда, ҳанўз дар соли 1875 дар асари худ «Абўалӣ ибни Сино (шоири) лирики форс» ашъори форсии ўро мавриди баррасӣ қарор додааст. Дар ҷамъоварӣ ва таҳқиқи осори адабии Ибни Сино Ш.Ялткайя, Е.Э.Бертелс, С.Айнӣ, А.Мирзоев, М.Занд, Қосим Ғанӣ, М.Шариф, Забеҳулло Сафо, Акбари Ризвонӣ, И.С.Брагинский, Ш.Ҳусейнзода, Х.Шарифов, А.Абибов, М.Умаров ва донишмандони дигар саҳм гузоштаанд2.
Ҳамаи онҳо мақоми баланди Абўалӣ ибни Синоро дар адабиёти форсу тоҷик таъкид намуда, ўро ба «қатори классикони адабиёти тоҷик дохил» кардаанд. Е.Э.Бертелс ба таъсири осори адабии Ибни Сино ба тасаввуф таваҷҷўҳи хос зоҳир намуда, таъкид мекунад, ки «таъсири Ибни Сино ба адабиёти форсӣ ба қисмати тасаввуфи он аз ҳама қавитар аст». Вале мусаллам аст, ки Абўалӣ ибни Сино шоири касбӣ набуд. Тавре ки И.С.Брагинский дуруст таъкид менамояд, «Ибни Сино шоир набуд, ҳарчанд дар осори пурҷабҳаи ў шеърҳо ва рисолаҳои манзуми фалсафӣ мақоме доранд. Аммо худи назми классикии форсӣ он қадар фалсафист, ки бе Ибни Сино, бидуни фалсафаи ў осори бузургони назм чун Хайём, Носири Хусрав, Ҳофиз ва Ҷомиро дарк кардан имконнопазир аст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё