Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Андешаҳои Фирдавсӣ дар бораи хирад ҳамчунин аз як қатор оятҳои Қуръон ва аҳодиси пайғамбару пандҳои Алӣ ва дигар аимаи динӣ ғизо гирифтаанд. Ҳамин тавр, Фирдавсӣ аз истифода бо афкору андешаҳои ахлоқиву фалсафии мардумони гуногун ва ҳикмати рўзгор хирадро чун сармояи аслии ҳаёти инсон ситоиш намуда, ҳамчун ҳакими бузург панд медиҳад, ки инсон бояд ҳамаи кирдору рафтори худро дар пояи хирад анҷом диҳад ва бемашварат бо ин ҳадяи илоҳӣ кореро ба сомон нарасонад. Ин нукта дар ҳамаи замонҳо муҳим ва зарур аст, бахусус имрўз, ки ҷомеаи мо ниёзманди инсонҳои оқилу хирадманд аст, ниёзманди он аст, ки ҳамаи корҳо аз рўи ақлу хирад анҷом ёбанд.

пешина
аз 625
навбатӣ