Равзанаи адаб

Пайвастагии илму адаб на танҳо дар урҷузаҳову қасидаҳо ва қитъаҳои арабии Ибни Сино, балки дар манзумаҳову ашъори форсии ў низ ба назар мерасад. Мутаассифона, ин ҷанбаи осори Ибни Сино ҳанўз таҳқиқ нашудааст ва дар ин замина масоили ҳалношуда зиёданд. Аз ҷумла масъалаи таъйини ҳадди шеър ва назм дар осори Ибни Сино, анвоъ ва қолабҳои назми ў таваҷҷўҳи муҳаққиқонро ҷалб накардааст. Барои мисол шеъри «Ба лаҳни борбадӣ хуштар ояд он бақ-бақ»-и Ибни Синоро гирем, ки ба васфи шароб бахшида шудааст. Ба мансубияти ин шеър ба ў касе шубҳа накардааст. Аз Ҳ.Эте шурўъ намуда аксари муҳаққиқон онро ғазал номидаад. Аз ҷумла Е.Э.Бертелс онро чун ғазал мавриди таҳлили матншиносиву услубӣ қарор дода, мансубияти онро ба Ибни Сино таъйид мекунад ва онро «ғазали исмоилия»-и ў мешуморад7.
Мураттибони охирин маҷмўаи ашъори Ибни Сино «Авҷи Зуҳал» низ ба ғазал будани шеъри мазкур шубҳае накарда, дар «Тавзеҳот» навиштаанд: «Ин ғазал бо вариантҳои гуногун дар нашри Ҳерман Эте, мақолаи Е.Э.Бертелс, Саид Нафисӣ, Забеҳулло Сафо, «Маҷмўаи шеърҳо» ва ғайра бо таҳриру тартиби гуногун оварда шудааст».
Ин шеър дар нашри Ҳ.Эте 8 байт, Е.Э.Бертелс – 9 байт ва дар маҷмўаи «Авҷи Зуҳал» 10 байти зерро дорад:
Ғизои рўҳ бувад бодаи раҳиқ, алҳақ,
Ки ранги ў кунад аз дур ранги гулро дақ.
Ба ранг занг зудояд зи ҷони андўҳгин,
Ҳумой гардад, агар ҷуръае бинўшад бақ.
Чу дарчакад ба миёни қадаҳ зи ҳалқи сабўҳ,
Ба лаҳни борбадӣ хуштар ояд он бақ-бақ.
Ба таъм талху чу панди падар, валек муфид,
Ба пеши мубтил ботил, ба назди доно ҳақ
Май аз ҷаҳолати ҷуҳҳол шуд ба шаръ ҳаром,
Чу маҳ, ки аз сабаби мункирони дин шуд шақ.
Ҳалол гашта ба фатвои ақл бар доно,
Ҳаром гашта ба аҳкоми шаръ бар аҳмақ.
Шаробро чӣ гунаҳ з-он ки аблаҳе нўшад,
Забон ба ҳарза кушояд, диҳад зи даст варақ?!
Ҳалол бар уқалову ҳаром бар ҷуҳҳол,
Ки май маҳак буваду хайру шарр аз ў муштақ.
Ғуломи он маи софам, к-аз ў рухи хубон,
Ба як ду ҷуръа барорад ҳазор гуна арақ.
Чу Бўалӣ, маи ноб ар хўрӣ ҳакимона,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё