Равзанаи адаб

Фирдавсӣ дар ин ҷо мушаххас намекунад ақл кадом аст, ақл ба маънии логос, ки иборат аст аз назму тартибе, ки дар ин ҷаҳон аст ё ақл ба маънии ахасс, ки дар худи инсон аст ва нишона аз назму тартиби куллии ҷаҳон мебошад. Аммо ба ҳар сурат нишонае аз ин ки Фирдавсӣ ба файз эътиқод дошта дар даст намебошад" Чунон ки мебинем, муҳаққиқ ба ин масъала таъаммуқ накарда, аз байтҳои аввали достон ҳамчун аз як рисолаи фалсафӣ таърифи саҳеҳи ақлро ҷустааст ва ба назар нагирифтааст, ки Шоҳнома асари бадеист ва дар ин қабил асарҳо андешаҳои адиб тавассути образу тасвирҳои бадеӣ ва каломи шоирона мафҳуму муҳокимаҳои илмиву мантиқӣ ифода меёбанд. Гузашта аз ин тавре ки қаблан зикр шуд, Фирдавсӣ шарҳу ситоиши хирадро на фақат дар фасли аввали Шоҳнома, балки дар саросари асар густариш додааст ва ба василаи байту порчаҳои ҷудогона ва симои қаҳрамонону мўъбадон, панду андарзҳои ҳакимона, образу тасвирҳои рангин моҳияти онро бозгў кардааст. Ахиран байти аввали Шоҳномаи Фирдавсӣ таваҷҷўҳи Алиқули Маҳмудии Бахтиёриро ҳам ба худ ҷалб намудааст. Ў мисраъи аввали он байтро тарҷумаи ҷумлаи аввали навиштаҳои минувии пеш аз ислом медонад, ки ба маънии "ба номи додори Урмузд"-ро дорад.
Аз ин рў ў "Худованди ҷону хирад"-ро тарҷумаи форсии Аҳурамаздо медонад. Ва ба чунин натиҷа мерасад: "Ин ҷавҳари фарҳанги Эрон ва шеваи андешидани эронӣ ва бардошти эронӣ аз "Худо" аст. Ҳеҷ иртиботе ба фалсафаи Юнон, мўътазила, рофизия, шуъубия, ботиния... надорад. Ҳамаи онҳо аз ин ҷо сарчашма гирифтаанд".
Фирдавсӣ беҳуда шоҳасари худро бо ситоишу бузургдошти хирад оғоз накардааст. Воқеан хирад ҷавҳари ҳастии инсон буда симои маънавии ўро муайян месозад. Хирад чароғест, ки дар зиндагии рўзмарра ҳам роҳи инсонро равшан менамояд, ўро ба роҳи рости ҳаёт раҳнамун месозад. Ба туфайли ақлу хирад аст, ки инсон некро аз бад ҷудо мекунад, ба адлу дод мегарояд. Ҳамаи корҳои неки инсон аз ин мояи аслӣ ғизо мегирад. Аз ин ҷост, ки шоир мақоми хирадро дар зиндагии инсон аз ҳама боло дониста, онро волотарин атои Худованд мешуморад. Шоир инсонеро, ки дорои ин падидаи илоҳӣ буда, бо саъю кўшиш ва фарогирии дониш онро рушду тавсеа медиҳад, аз ҳама қудратмандтар медонад:
Тавоно бувад ҳар ки доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё