Равзанаи адаб

Фирдавсӣ бо ин қаноат накарда, барои равшану возеҳтар баён кардани моҳияту арҷи хирад ва арзишҳои волои он дар ҳаёти инсон фасли хосеро таҳти унвони "Гуфтор андар ситоиши хирад"
ҷудо менамояд. Дар ин фасл шоир саъй намудааст, ки таваҷҷўҳи инсонро ба ин ҳадяи илоҳӣ ҷалб кунад, бузургдошту корбурди онро дар зиндагӣ талқин созад. Бо ин мақсад ў аввал арзишҳои баланди хирадро ҳамчун мояи аслии ҳастии инсон, роҳнамоии ў дар пешрафту шодкомиҳои зиндагӣ баён менамояд:
Хирад беҳтар аз ҳарчи Эзид бидод,
Ситоиш хирадро беҳ аз роҳи дод.
Хирад роҳнамою хирад дилкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.
Инсоне, ки ба ин мояи зиндагӣ носипосӣ мекунад, ба қадраш намерасад, аз он дурӣ ҷуста, баҳри беҳбудии ҳаёт баҳра намегирад, саранҷом ба хориву зорӣ мубтало хоҳад шуд. Инсон бе раҳнамоиву мадади ақл наметавонад роҳи дурусти зиндагиро пайдо намояд ва мушкилоту душвориҳои рўзмарраро паси сар кунад. Ҳар фарде, ки аз ин сармояи маънавӣ камтар бархўрдор аст, дар зиндагӣ ба гумроҳиҳо роҳ медиҳад, инону ихтиёри нафсро идора карда наметавонад ва ба худу ба ёрон ва инсонҳои дигар мушкилоти зиёдеро пеш меорад. Агар ақлу хиради шахс тираву нуқсдор бошад, ҳеҷ гоҳ ў ба матлаб нахоҳад расид ва шодмону саодатманд нахоҳад шуд:
Аз ў шодмониву з-ўят ғамист
В-аз ўят фузуливу з-ўят камист.
Хирад тираву марди равшанравон
Набошад ҳаме шодмон як замон.
Чунон ки аз нахустмисраи достон ҳам пайдост, шоир хирадро ба ҷон тавъам медонад ва ҳар дуро ҳадяи илоҳӣ мешуморад.
Бинобар ин инсон бояд ин ҳадяро ҳамеша пок дорад ва дар пайи таҷлилу тавсиаи он бошад ва аз рўи фармудаҳояш амал кунад. Ҳар коре, ки бе раҳнамоии хирад аст, ҳатман пушаймонӣ ба бор меорад. Зеро хирад дидаи ҷони инсон аст:
Касе, к-ў хирадро надорад ба пеш,
Дилаш гардад аз кардаи хеш реш.
Ҳушивор девона хонад варо,
Ҳамон хеш бегона хонад варо.
Аз ўйӣ ба ҳар ду сарой арҷманд, Шикастахирад пой дорад ба банд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё