Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

тадвини Шоҳнома", ки декабри соли 1990 дар Теҳрон баргузор гардид, аз мисраи аввали ин ҳамосаи бузург хеле муассир шуда, суханронии худро бо чунин каломи пурҳаяҷон шурўъ карда буд:
"Ба номи Худованди ҷону хирад".
Шоҳнома – ин асари адабии фанонопазир бо чунин шукўҳе оғоз мешавад. Дар ин асари ҷовидона бедаранг дар пайи ситоиши Парвардигор дар ҳамон нахустин сафҳа ба абёте бармехўрем, ки лаҳзае моро ҳайрону шигифтзада бар ҷой мегузорад. Зеро ки ба тарзе номунтазир бо мадҳи хирад рў ба рў мешавем.
Оё чунин чизе дархўри тасаввур аст? Ҳазор сол пеш, қабл аз Ренессонси Ғарб, садаҳо пеш аз қарни ҳаждаҳум – қарни равшангарӣ, пеш аз таваллуди Декарт ва таваллуди Волтер як шоири эронӣ фаротар аз ҳар чиз андешаву хирадро сутудааст.
Шоири эронӣ ин ситоишро бо чунон эътиқоду бо чунон шўру ваҷҳе баён мекунад, ки хонандаро беихтиёр шефтаи хирад месозад" Сипас ў андешаҳои худро дар бобати мафҳуми хирад дар Шоҳнома баён мекунад, ки хеле ҷолиби диққат буда, барои дарки масъала кўмак мерасонад: "Хираде, ки Фирдавсӣ ба тавсифи он пардохта, ба маънои қувваи идрок ба танҳоӣ нест, балки қобилияти шинохти некиҳост, ҳикмате жарфу паҳновар аст, оромишу тумонина аст, ки аз дарун бармехезад ва зодаи тасаллут бар нафс аст. Ин мафҳуми зебо дар саросари Шоҳнома чун хуршеди тобон аст. Ин нафҳаест, ки ба Шоҳнома рўҳ бахшидааст ва хислатест, ки Шоҳнома онро ба аълодараҷа меситояд. Дар ҷаҳон ва дар таърих камтар асаре чун Шоҳнома дида шудааст, ки инчунин мазҳари ҳуввияти миллӣ гардад" Иштирокчии дигари кунгураи мазкур донишманди урдунӣ доктор Салмон Албудур низ дар суханронии худ "Ҷанбаҳое аз ҳикмату фалсафа дар шеъри Фирдавсӣ" роҷеъ ба ақлу хирад дар Шоҳнома баҳс кушода, ба бузургдошти онҳо дуруст ишора мекунад, вале дар хусуси мафҳуми ақлу хирад дар асар якҷониба изҳори андеша менамояд:
"Аз гуфтаи Фирдавсӣ ин матлаб истинбот мешавад, ки ў ба ин амр эътиқод дошта, ки лаззати ҳақиқӣ лаззати ақлӣ аст ва монанди ҳукамои мусулмон лаззати ақлиро аз лаззати ҷасадӣ мутамойиз дониста, чун давоми он бештар ва доманаи он васеътар аст.
Ногуфта намонад, ки Фирдавсӣ ба буъди онтоложикии ақл ҳам ишора мекунад ва ақлро махлуқу содири аввал донистааст ва мегўяд:

Нахустофариниш хирадро шинос.

пешина
аз 625
навбатӣ