Равзанаи адаб

Ҳарчанд дар зимни асарҳои зиёди ба Шоҳнома бахшидашуда роҷеъ ба ситоиши хирад низ сухан рафтааст, вале то ҳол ин масъала мавриди таҳқиқи ҳарҷонибаву амиқи донишмандон қарор нагирифтааст ва ҷанбаҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва ахлоқиву фалсафии он равшан нагардидааст. Ҳоло мо низ аз таҳқиқи ҳарҷонибаи масъалаи мазкур худдорӣ намуда, танҳо баъзе мушоҳидаву мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба ҷанбаҳои ахлоқии ситоиши хирад дар Шоҳномаи Фирдавсӣ ва бозтоби бадеиву зебошинохтии он иброз медорем.
Қабл аз ҳама, бояд гуфт, ки дар хусуси пайдоиши вожаи хирад адабиётшиноси эронӣ Ҷалили Дўстхоҳ дар зимни ёддоштҳояш бар асари донишманди Ҳиндустон Ҷаҳонгир Куёчӣ изҳори назар намуда, аз ҷумла фармудааст: "дар Авесто asno xvatu (ash xrad-и паҳлавӣ) ба маънии "хиради пойдор" ё "хиради сириштӣ" аст, ки бинобар эътиқодоти зардуштӣ аз оғоз дар ниҳоди ҳар кас ба вадеъа гузошта шудааст ва дар муқобили он дар Авсето daosh sruta xrati омадааст ба маънии "хиради гўшшуда" ё "хиради ёфтанӣ", ки аз роҳи омўзиш ва таҷрибаандўзӣ дар зиндагӣ ба даст меояд". Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки дар Эрони бостон хирад ба ду навъ тақсим мешудааст, яке сириштиву худодод ё ғаризӣ ва дигаре иқтисобӣ, ки бо роҳи омўзиш ба даст оварда мешавад. Чунон ки хоҳем дид, дар Шоҳнома низ мафҳуми хирад ба ҳар ду маънӣ корбаст шудааст.
Дар Шоҳнома ситоишу бузургдошти хирад мавқеи басо муҳимро дорост. Фирдавсӣ ба ин ғариз
муҳимро дорост. Фирдавсӣ ба ин ғаризаи беназири инсонӣ аҳамияти бузургеро қоил буда, дар саросари асар ба он таваҷҷўҳи зиёд зоҳир менамояд. Бесабаб нест, ки дар сароғози шоҳасар, ки ба тариқи маъмул ба наъти парвардигори олам бахшида шудааст, Фирдавсӣ аз сифату офаридаҳои Худованд, пеш аз ҳама, маҳз хирадро интихоб ва таъкид намуда, ҳатто дар мисраи аввали нахустбайти маснавӣ ҷой медиҳад:
Ба номи Худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша барнагзарад.
Таъкиди Фирдавсӣ ба аҳамияти хирад дар оғози Шоҳнома
таваҷҷўҳи бисёр донишмандонро ба худ кашидааст. Аз ҷумла
дабири кулли созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО Федерико Майор дар
кунгураи байналмилалии бузургдошти Фирдавсӣ ва "Ҳазораи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё