ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

§18. СИРОЯТЁБӢ БА БЕМОРИИ ИСҲОЛ
(ДАРУНРАВӢ) ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ
НАМУДАНИ ОН
Ин мавзўъро шумо тавассути диаграммаи F-1 хеле осон фаҳмида метавонед ва он бароятон хеле хотирмон хоҳад буд. Дар диаграммаи F-1 чи тавр ин беморӣ аз як шахс ба шахси дигар мегузарад, нишон дода шудааст:
Сироятёбӣ ба ин беморӣ ба тарзҳои зерин рух медиҳад:
– Ба воситаи ангуштон (наҷосат ва ифлосиҳо ба дастҳо, ангуштон ва зери нохунҳо мечаспад);
– Ба воситаи ҳашарот (магасҳо, нонхўракҳо ба наҷосат ва ифлосӣ олуда шуда, баъд хўроквориро олуда месозанд);
– Дар саҳро (наҷосатро чун порў истифода мебаранд ва баъд сабзавоти хом, ношуста ва ё нимпухтаро истеъмол мекунанд);
– Намӣ ва об (наҷосат бо оби нўшокӣ омехта мешавад).
Чунин ақидае паҳн шудааст, ки гўё наҷосати кўдак безарар аст. Дар асл наҷосати кўдак баробари шахси ба балоғатрасида зарарнок аст. Он метавонад бемориҳои зиёди кўдаконаро паҳн кунад. Барои пешгирӣ кардани беморӣ зарур аст, ки қоидаҳои гигиенӣ аз худ карда шаванд, танҳо дар ҳамон вақт аз сироятёбии микроорганизмҳои аз наҷосат пайдошаванда раҳоӣ ёфтан мумкин аст.
Азбаски наҷосати инсон аз ҳама манбаи васеи паҳншавии бемориҳост, зарур аст, ки наҷосат безарар карда шуда, болояш пўшонида шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё