ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Бемориҳои сироятӣ тавассути қазои ҳоҷат дар ҳавои кушод, пашшаҳо, ғизо, оби нопок, чирки дастҳо ва ғайра мегузаранд.
АФСОНАИ БЕМОРӢ
Буд-набуд дар як замоне писарбачае буд бо номи Шаҳбоз.
Як рўз ў аз деҳа берун баромад ва ба канори теппаи хурде расид. Ў худро каме бемор ҳис кард ва барои қазои ҳоҷат дохили буттаҳо шуд.
Пас аз он, ки ў аз ин ҷой рафт, саге омад. Номи ин саг Полвон буд. Бўи наҷосати одамро дўст медошт, аз ин рў, биниву пои худро рўйи он гузошт. Ў чанд муддат гирду атрофи теппа гашт, вале ҷамъияти кўдаконро дар деҳа наёфта баргашт.
Ў заминро бўй кашида сартосари кўча гашт. Ў наметавонист кўдаконро пайдо кунад, бинобар ин дар ҷустуҷўи онҳо ба макони дигар рафт. Дере нагузашта писараку духтараке барои бозӣ кардан аз хонаҳои худ берун баромаданд.
Онҳо Акрам ва Лола бародару хоҳар буданд. Акрам аз Лола калонтар буд. Акрам ва Лола дар ҳамон ҷое нишастанд, ки Полвон бўйкашон гаштугузор карда буд.
Онҳо то вақти даъват кардан ба бозӣ машғул буданд. Сипас онҳо барои хўрдани хўрок ба хона рафтанд. Онҳо мехостанд зуд хўрок хўранд, то ки боз берун баромада бозӣ кунанд.
Азбаски саросема буданд, шустани дастони худро фаромўш карданд. Акрам ва Лола аз тамоми рўз бозӣ кардани худ хушҳол буданд.
Рўзи дигар, вақте субҳ аз хоб бедор шуданд, Лола гирифтори бемории исҳол шуда буд. Азбаски ў хурдсол буд, аҳволаш хеле бад шуд, баъдтар Шаҳбоз низ бемор шудани худро ҳис кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё