ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

§12. ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ
Бемориҳои сироятӣ – ин гурўҳи махсуси бемориҳое мебошанд, ки аз таъсири барангезандагони муайяни зинда ба вуҷуд омада, аз тани носолим ба тани солим мегузаранд ва агар пеши роҳи онҳоро нагирем, ба паҳншавии оммавӣ қодиранд.
Бемориҳои сироятӣ инҳо мебошанд: ОВРИ (бемориҳои тезсирояткунандаи вирусӣ), зуком (грип), тифи шикампеч, диареяи сахт, тиф ва ғайра. Масалан, бемории сироятии ОВРИ ва зуком (грип) ба роҳҳои нафаскашии инсон (гулў, ҳалқум, нойнафас), бронхиҳо ва шушҳо зарар мерасонад.
Ин бемориҳо тавассути ҳаво, қатрагӣ ва либос мегузаранд.
Ҳарорати бадан баланд мешавад, атсазанӣ, рехтани оби чашм, оби бинӣ, сулфа пайдо шуда, фурў бурдани хўрок мушкил мешавад.
Роҳҳои пешгирӣ намудани он: ҳангоми робита бо бемор дар даҳон доштани докабанд, бештар дар ҳавои тоза гаштан, зуд-зуд тоза намудани ҳавои хона, рўбучини намнок, обутоби бадан ва ба варзиш машғул шудан.
Тифи шикампеч низ бемории сироятӣ буда, аз микроби чўбчашакл пайдо мешавад. Ин беморӣ бештар бо роҳи робитаи маишӣ (муоширати бевосита ва либосҳои ифлос) аз одами бемор ба одами сиҳат мегузарад. Нўшидани оби ноҷўшида ва ифлос низ сабаби сироятёбӣ ба ин беморӣ мегардад. Ба ин беморӣ бештар кўдакон гиифтор мешаванд.
Ин беморӣ хатарнок буда, агар сари вақт муолиҷа карда нашавад, оқибати марговар дорад.
Бинобар ин тавсия дода мешавад, ки фақат оби ҷушонидаро бояд нўшид ва дастонро пеш аз хўрокхўрӣ ва баъд аз қазои ҳоҷат ҳатман бо собун бояд шуст.
Диарея (дарунравӣ) бемории барои кўдакон вазнин буда, дар як шабонарўз то 3-4 бор холӣ шудани рўдаи тунук мебошад ва ин беморӣ то 4 ҳафта давом мекунад. Дар натиҷа ҷисми кўдак беоб монда ба ҳалокат расиданаш мумкин аст.
Роҳҳои пешгирии ин беморӣ: маҳсулотро дар яхдон нигоҳ доштан, фақат нўшидани оби ҷушида, дастонро пеш аз хўрокхўрӣ ва баъд аз қазои ҳоҷат бо собун шустан ва бо одамони бемор дар робита набудан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё