Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба назар нанамояд ҳам, доим ҳамроҳи ман буд. Ва инак се шабонарӯз гузашту таъсири дору аз пайкараш рафт, ӯ асли қадимааш барин ба дидаҳо зоҳир гашт.
Бо вуҷуди ҳамин қадар эзоҳоти илмии Моҳира, ҳозирон муъҷизаи НК-ро қудрати илоҳӣ пиндоштанд, эътиқодашон ба фиристодагони кайҳон як бар сад афзуд....
Вақте ки Сиёҳаку Зарринаро ба дарбор қабул карданд, Моҳира гуфт:
— Наход дуи шумо ҳам гумон кунед, ки мо фиристодаҳои осмонем? Охир ба Чобук фуруд омада, мо аввал бо шумо вохӯрдем ва ҳама асрори худро аввал ба шумо кушодем-ку...
— Мо асли воқеаро мефаҳмем, — ҷавоб дод Сиёҳак. — Вале корнамоиҳое, ки шумо кардед, аз доираи ақли чобукиён берун аст... — Сипосгузорем, ки маҳз бо шарофати шумо ҳукми қатли мо бекор карда шуд, аз таъқибот халос шудем ва ба висоли ҳамдигар расидем. Салламно ба шумо!
Заррина ба замин чашм дӯхта алвон барин сурх шудаю шарм дошта, илова кард:
— Мо бо илтимос омадаем, ки ба тӯямон худатон косагул шавед. Фардошаб ба ҳавлиамон қадам ранҷа кунед.

пешина
аз 50
навбатӣ