Бачаҳои чобуксавор

Дар ҳақиқат, дере нагузашта ҳама диданд, ки дар паҳлуи Моҳираи дар минбар танҳоистода ҳаво барин шабаҳе пайдо шуд. Шабаҳ тадриҷан ғализтар гашту тумани тира ба вуҷуд омад. Туман оҳиста дуди сиёҳ шуд ва баъд ба суроби одам мубаддал гашт. Аз суроб дараҷа ба дараҷа Илҳом шакл гирифт. Вай дасташро боло карда бо табассум рост меистод.
Издиҳоми дар майдон ҷамъомада сонияе чанд аз тааҷҷуб карахт шуданд...
Моҳира дасти Илҳомро гирифта фишурд. Ӯро табрик кард. Баъд ба издиҳом рӯ оварда гуфт:
— Чобукиёни муҳтарам! Ҳайрон нашавед. Ин рафиқи ҳамсафари ман Илҳом аст. Дар Замини мо НК ном маъҷуне ихтироъ шудааст, ки он метавонад ҳар як ашё ва ё инсонро ба муддате ноаён гардонад. Илҳом бо мақсади халосӣ аз зиндон ва мубориза бо аҷинаҳо маҷбур шуда чунин маъҷунро истеъмол карда буд. Дар табаддулоти бузурги иҷтимоӣ, ки имрӯз мо ҷашн мегирем, ҳиссаи Илҳом калон аст. Вай дар ин кори пуршараф ҷасорати беназир нишон дод.
26 Маъҷун – хамираи хӯрдани, ки аз чанд доруи омехта бо асал ё бо шакар омода мешавад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё