ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Бигир аз дӯши ман боре.
Худоро шукр, духтарҷон, гули бахтат ба бор омад,
Бароят хостгоре саршиносу пулдор омад,
Бигӯ, охир чӣ мехоҳӣ аз ин беҳтар?
Парасту:
Нагӯ, модар,
Нагӯ, дигар,
Напурс аз ман чӣ мехоҳӣ,
Ту медонӣ, гирифторам,
Ғамин аз дурии ёрам.
Ту мебинӣ, шабонгоҳон,
Ду чашми ашкборамро,
Ту мебинӣ, хазонамро,
Ту мебинӣ баҳорамро,
Асири сарнавиштам ман,
Ба ҳолам раҳм кун, модар!
Модар:
Ту бехуд зиндагиро талх кардӣ бар худат охир,
Магар духтар шудӣ девона?
Муҳаббат нест чизе ҷуз хаёл, афсона.
Парасту:
Оре, як хаёли равшан, як афсонаи зебо,
Ки рангу атру шодӣ медиҳад бар зиндагии мо.
Модар:
Аз ин шодии рангоранги ту чизе надидам ман.
Парасту:
Вале хушбахтам аз ранҷе, ки дар ишқаш кашидам ман.
Модар:
Намедонам.
Зи гулзори муҳаббат барги сабзе ҳам начидам ман.
Парасту:
Гузашт умрат ба нокомӣ,
Дареғо гуфтанат дер аст.
Ҳазорон орзу дорӣ,
Чӣ ҳосил суратат пир аст?
Табаҳ кардӣ ҷавониро,
Надорӣ хотироте ҳам,
Аҷаб умри ту дилгир аст.
Модар:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё