Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз бародар меҳрубонтар,
Хайрхоҳу аҳли имон.
Пеши худ гуфтам Худоро хуш наояд,
Ин қадар озор бинад,
Ин ҷавон дар кунҷи зиндон,
Кардаам иқдоми лозим, то шавӣ озод аз ин ҷо.
Кор мехоҳӣ?
Бифармо.
Зери лаб пич-пичкунон ӯ гуфт суханҳо,
Оқибат бархост аз ҷо.

Маҷидӣ:

Пас қарор ин шуд,
Шаби якшанбе рӯйи искала,
Дар соати як,
Ҳозиред, оқо?

Тазарв:

Ҳозирам, албатта, аммо.

Маҷидӣ:

Хотиратон ҷамъ бошад,
Ман ҳарифи куҳнакорам,
Ту намирӣ роздорам,
Дар мақоми дӯстӣ қурбон кунам, валлоҳ, ҷонро.
Корҳо бар уҳдаи ман,
Ту фақат бо худ биёвар бастаи нуҳсадтумонро.

4

Канори рӯди Корун, рӯди туғёнкардаи пурҷӯш,
Ҳазорон нахли махмалпӯш,
Гирифта найзаҳо бар дӯш,
Ҳама маҳзун, ҳама хомӯш,
Дар ин оромиши ваҳшӣ даруни кулбаи чӯбин,
Нишаста модаре бо духтаре ғамгин.

Модар:

Кӣ медонад дар ин дунё чӣ сахтиҳо кашидам ман,
Ба даври зиндагӣ ҷуз ранҷу бадбахтӣ чӣ дидам ман?
Чу духтарбача будам, кулфати хона бо ман буд,
Тамоми рӯзгорам рахти шустан буд,
Пухтан буд.
Чу поям рафт тӯйи чордаҳ бо силии хола,
Шудам норозию гирён зани як марди чилсола.
Ниҳоли наврасе будам бидуни барги сабзи тар,
Гул овардам,
Шудам модар.
Ҷавониро надида ғуссаи фарзанд пирам кард,
Ту, к-аз ранҷам хабар дорӣ,

пешина
аз 263
навбатӣ