Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Худовандо!
Дилам аз зиндагӣ сер аст.
Бигӯ охир,
Чӣ мехоҳӣ ту аз ҷонам?

Парасту:

Маро хушбахт кун.

Модар:

Бо чӣ?
Чӣ хушбахтӣ касе, ки шаб надорад нон?
Чӣ дорад духтари як марди қоиқрон?

Парасту:

Ҷавонӣ, хирмани гесӯ, рухи ишқофарин дорам,
Дили пурорзу, рӯҳи навозишгар, нигоҳи оташин дорам.

Модар:

Ба ҳусни худ чӣ мағрурӣ?
Зи ранҷи зиндагӣ дурӣ.
Падар пир асту модар оҷиз,
Охир раҳм кун бар худ.
Агар мурдем мо фардо,
Кӣ мегирад суроғатро?

Парасту:

Тазарви меҳрубон.

Модар:

Ҳамон бадбахти бекоре, ки дар зиндон гирифтор аст,
Ба чашми марду зан хор аст?

Парасту:

Чӣ хорӣ?
Сарбаланд аст ӯ, ки дар майдони пайкор аст.

Модар:

Парасту!
Бас кун ин лаҷбозии тифлонаро,
Имшаб яке аз беҳтарин шабҳои умри туст.
Оқои Маҷидӣ карда меҳмонӣ,
Фиристода бароят ин либоси тозаро,
Ин кафшу ин гулро,
Муборак бод, духтарҷон,
Бипӯш.

пешина
аз 263
навбатӣ