Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дидааш аз хуни дил гулгун бувад.
Боз имшаб ин вуҷуди дардманд,
Хастадил аз чархи бӯқалмун бувад.

Хезу сар бардор аз зонуи ғам,
Тарки худ кун то набинӣ рӯйи ғам.

Аз чӣ менолӣ зи ҷаври рӯзгор?
Осмонро бо касе пайкор нест.
Чанд дорӣ шиква аз даври фалак?
Гунбади гардандаро озор нест.
Бо ғаму меҳнат табиат нест ёр,
Ин сипеҳри нилгун ғаддор нест.
Нест даврон душману бадхоҳи кас,
Чархро бо шодию ғам кор нест.

Ин туӣ, ки шоду гоҳ андуҳгин,
Ҷумла нуқси хешҳо дар кор бин.

ШАМЪИ ВУҶУД

Чист ин шамъи тобноки вуҷуд,
Ки шуъоаш намешавад нобуд?

Чист ин турфа оташи абадӣ,
Ки ҳамесӯзаду надорад дуд?

Шуълааш чун ба шакли ҷон гардад,
Зери фонуси тан шавад масдуд.

Муддате чанд ҷисми хокиро,
Мекунад мазҳари суруру суруд.

Одамиро чунон мақом диҳад,
Ки фиристад ба ӯ фаришта дуруд.

Он қадар нур медиҳад бар дил,
То шавад хона маскани маъбуд.

Лоҷарам он шуъои рахшанда,
Чунки сарпӯш хаста гашту хамуд.

Нури поке зи худ кунад зоҳир,
Сари вақте муайяну маъҳуд.

Равад ором аз ҷасад берун,
Бозгардад ба мақсаду мақсуд.

Кас надонмд, ки ин шуъои латиф,
Чӣ шавад оқибат, чӣ ҳасту чӣ буд?

Боз такрор мекунад, Жола,
Чист ин шамъи тобноки вуҷуд?

пешина
аз 263
навбатӣ