ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ман аз ин хонаи хокӣ, Худоё, серу безорам,
Чу андар он намеёбам фурӯғи дил, сафои ҷон.
Барӣ аз хилқати хешам мани шӯридадил, зеро
Барои рӯҳи озодам бувад ин ҷисм чун зиндон.
Намедонам, чӣ мехоҳам, дар ин дунёи дун, Жола?
Ҳамебинам, ки мерезад маро хуни дил аз мижгон.
БИЁ, БА ФАСЛИ ГУЛ
Биё, ба фасли гул, эй дӯст, шодмон бошем,
Биё, чу булбули сармаст нағмахон бошем.
Биё, чу лола бихандем бар рухи гардун,
Муроди хотири пурмеҳри дӯстон бошем.
Биё, чу шамъ бисӯзем дар сарочаи меҳр,
Чароғи маҳфили ҷонон, фурӯғи ҷон бошем.
Биё, зи шавқ бикӯбем пой бар сари хок,
Ки бас барояду дар хок мо ниҳон бошем.
Биё, зи чеҳра бишӯем гарди худхоҳӣ,
Ба ёди мардуми бадбахт нотавон бошем.
Ба симу зар нафурӯшем ҷону виҷдонро,
Раҳини миннати дунон на баҳри нон бошем.
Сафову сулҳ нишинад ба ҷои ҷангу ситез,
Агар ки мо ҳама якрангу якзабон бошем.
Чу метавон ба муҳаббат диле ба даст овард,
Биё, чу Жола ба ҳар ҳол меҳрубон бошем.
НУҚСИ КОРҲО
Бингар он ҷо дар канори Зиндарӯд,
Он кӣ аз мардум нишаста дур кист?
Хаставу танҳо дар ин вақти ғуруб,
Он парешонхотири ранҷур кист?
Зери анвори фурӯзони шафақ,
Соҳиби он чеҳраи камнур кист?
Кист он дилдодаи андуҳгин?
Кист? Он дилхастаи маҳҷур кист?
Жолаи маҳзуни дурафтодааст,
Ин ҳамон шӯридаи дилдода аст.
Боз имшаб хотири афсурдааш,
Хаставу пажмурдаву маҳзун бувад.
Боз имшаб ин парешонрӯзгор,
Аз ғаме шӯридаву дилхун бувад.
Синааш ҳамчун шақоиқ доғдор,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё