ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Тоза шуд боғ аз насими саҳар,
Жолае бар даҳони лола чакид.
Сар ба таъзими осмон хам кард,
Беди Маҷнун чу ин манозир дид.
Шафақи сурх шоду хандон шуд,
Лаълу ёқут бар фалак пошид.
Ногаҳон аз миёни пораи абр,
Хирмане нур ҷилвагар гардид.
Шуд намоён фариштае зебо,
Хуб бикшуд болҳои сапед.
Гуфт он гаҳ ба хандаи ширин:
Нури Яздон манам, умед, умед.
ҚАЛБИ ҲАСУД
Ғурубе ҳаво тираву тор шуд,
Зи тӯфон уфуқ гашт ҳамранги дуд.
Зи ҳар сӯй боде вазидан гирифт,
Зи гардун ғаму дард омад фуруд.
Дарахтон ба як бод урён шуданд,
Дигаргуна шуд осмони кабуд.
Биғуррид абри сиёҳе ба чарх,
Ҷаҳонро пур аз биму ваҳшат намуд.
Ҳувайдо шуд он гоҳ деве палид,
Ғазабнок чун шери дарранда буд.
Рухаш қиргун, чеҳрааш саҳмгин,
Заминро бибалъиду лабро кушуд.
Чунин гуфт бо наърае дарднок:
Бубинед, ин аст қалби ҳасуд.
БАР БОЛИ АБР
Маро, эй абри саргардон, ба рӯйи боли худ биншон,
Бидеҳ як лаҳза парвозам бурун з-ин гунбади гардон.
Бирав ҷое, ки ҷони ман шавад фориғ зи дарду ғам,
Набинад дидаам чизе ба ғайр аз чеҳраи ҷонон.
Бирав ҷое, ки оромиш бигирад хотири зорам,
Бирав он ҷо, ки қалби ман шавад осуда аз ҳирмон.
Ба сӯйи осмонҳо рав, маро аз хеш бехуд кун,
Ки дар мастиву мадҳушӣ шавам дилдодаву ҳайрон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё