ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

ОРЗУ ЧИСТ?
Орзу чист? Дилфиреб сароб,
Зиндагӣ чист? Ҷилвае дар хоб.
Чист ин қалб? Миҷмаре оташ,
Чист ин чашм? Чашмае пуроб.
Чист ин ишқ? Булбуле сармаст,
Чист ин шавқ? Навгуле шодоб.
Чист ин рӯҳ? Мазҳари Яздон,
Чист ин ақл? Гавҳари ноёб.
Ҳеҷ донӣ, ки чист шодиву ғам?
Ин яке мавҷу в-он якест ҳубоб.
Ҳеҷ донӣ, ки чист фақру ғано?
Ин яке селу он дигар гирдоб.
Ҳеҷ донӣ, ки чист ҷонпарвар?
Нолаи обу партави Маҳтоб.
Жола, донӣ, ки чист хушбахтӣ?
Хотири амну суҳбати асҳоб.
ХУДОЁ, ТУӢ...
Худоё, туӣ мазҳари адлу дод,
Туӣ одилу оқилу устод.
Туӣ офаринандаи осмон,
Туӣ холиқи ҷумла кавну макон.
Бувад ғарқи меҳрат ҷимоду набот,
Бисӯзад зи ишқат дили коинот.
Чу шуд ҷилвагар партави рӯйи Ту,
Ҳама чашмҳо хира шуд сӯйи Ту.
Чу гардид нури рухат тобнок,
Биафтод оташ дар ин тирахок.
Фурӯғе зи рӯят ба гулшан фитод,
Гулу лола сар зад, чаман гашт шод.
Бигирад зи рӯйи Ту Хуршед нур,
Зи шавқат шавад Зуҳра ғарқи сурур.
Биларзад зи меҳрат дили ахтарон,
Бисӯзад зи ишқи Ту ҷони ҷаҳон.
Ба пеши Ту яксон ғанию фақир,
Зи лутфи Ту шоҳу гадо сар ба зер.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё