ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ман бад-он ҷой кунам рӯю шавам нурафшон,
Гарчи ин нурфишонӣ бувадам коҳиши ҷон.
Нимашаб шамъи раҳи мардуми овора манам,
Равшанибахши дили кӯдаки бечора манам.
Эй зан, эй Моҳи замин хезу ҷаҳоноро бош!
Мазҳари шодию хушбахтии инсонҳо бош!
МАРДИ РАҲ
Абри табоҳе чу пила кард ба рагбор,
Барқ чу ғурриш намуду раъд дурахшид.
Мавҷи кафолудае чу аз кафи дарё,
Бар сари он киштии фурӯшуда пошид.
Мурд умедҳо чу аз бими талотум,
Шердиле ку, ки дасту по накунад гум?
Зулмати шабгоҳу роҳи дуру биёбон,
Қофила гумроҳу ахтарон ҳама хомӯш.
Кӯфта аз ранҷи роҳ роҳнавардон,
Лаҳзаи ҳастигудози шубҳаву ташвиш.
Марди раҳе, ку, ки бедиранг давад пеш?
Шуълаи сурхи ҳариқ аз дару девор,
Рафт чу боло миёни ҳамҳамаи дур.
Дар дили оташ, ки ҳар кӣ фикри фирор аст,
То нашавад зери сақфи сӯхта нобуд.
Кист, ки худро намуда пок фаромӯш,
То дигаронро бурун барад ба сари дӯш?
Кист, ки равшан кунад зи партаве имон,
Дар шаби торики яъс машъали уммед?
Кист, ки дар коми марг рафта натарсад,
Пои шаҳомат ниҳад ба шонаи Хуршед?
Кист тавонад ба лавҳи синаи фардо,
Сабт кунад номи ҷовидонии худро?
МОДАРОН СУЛҲ МЕХОҲАНД
Эй кӯдаки дилфиреби зебо
В-эй меваи зиндагонии ман,
Ойинаи равшан аст рӯят,
Аз кӯдакиву ҷавонии ман.
Ман умри азизи рафтаамро
Дар рӯйи ту мекунам тамошо,
Бинам зи даричаҳои чашмат
Ояндаи пурсаодатеро.
Чашмат ду ситораи дурушт аст,
Чун ахтари бахти ту дурахшон,
Бӯйи нафаси муаттари ту
Ороми дил асту роҳати ҷон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё