ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

То дили хаста ба доми ту паризод афтод,
«Мезанам ҳар нафас аз дасти фироқат фарёд,
Оҳ, агар нолаи зорам нарасонад ба ту бод».
На аҷаб, гар бичакад хуни дилам аз мижгон,
Ки шудам аз ғами ҳиҷрони ту бетобу тавон,
Мани меҳнатзада дар ҳаҷри ту, эй роҳати ҷон,
«Чӣ кунам, гар накунам нолаву фарёду фиғон,
К-аз фироқи ту чунонам, ки бадандеш мабод?!»
Байни мурғони чаман аз ҳама ман хортарам,
З-он ки сайёди табиат бишикастаст парам,
Сӯзам аз оташи ғам, гар начакад ашки тарам,
«Рӯзу шаб ғуссаву хун мехӯраму чун нахӯрам,
Чун зи дидори ту дурам, зи чӣ бошам дилшод?!»
Чӣ хато рафт зи дастам, ки ту ранҷур шудӣ?
Тарки ман кардию бо ёри дигар ҷӯр шудӣ,
Боиси сӯзу гудози мани маҳҷур шудӣ,
«То ту аз чашми мани сӯхтадил дур шудӣ,
Эй басо чашмаи хунин, ки дил аз дида кушод».
Ошиқи зораму ҷуз васли туям нест умед,
Лутфи худро бинамо бар мани дилхаста падид,
Сӯхт чун шуъла дилам, баски зи шавқат ларзид,
«Аз буни ҳар мижа сад қатраи хун беш чакид,
Чун баровард дил аз дасти фироқат фарёд».
Дили савдозадаам гашт зи ғам танг имрӯз,
Чӣ кунам, бо кӣ диҳам, рози ғами ишқ бурӯз?
Нолаи Жолаи шӯрида баланд аст ҳанӯз,
«Ҳофизи дилшуда мустағрақи ёдат шабу рӯз,
Ту аз ин бандаи дилхаста ба куллӣ озод».
НИҲОЛИ ОРЗУ
Оташ ба ҷон расиду зи хешам хабар набуд,
Бахти мани фасурда аз ин хубтар набуд.
Як шаб зи рӯзгори сиёҳам нагашт тай,
К-аз ашки дида домани ман пургуҳар набуд.
Як рӯзи ман ба шодиву ишрат ба сар нарафт,
Коре нашуд, ки тавами хуни ҷигар набуд.
Ман мевае начидаам аз шохаи умед,
Гӯӣ ниҳоли орзуямро самар набуд.
Ё Раб, ба зери гунбади мино зи баҳри мо,
Беҳтар зи бахти тира насибе магар набуд?
Ғам бо мани фасурда чӣ мекард рӯзу шаб,
Бар оташи дарунам агар чашми тар набуд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё