Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Биё, то ғами дил ба ту боз гӯям,
Зи ашки дурахшон басе роз гӯям,
Ҳикоёти ширин аз оғоз гӯям,
Туро қиссаи ғам ба овоз гӯям.
Маъшуқ:
Ман нахоҳам шунавам рози туро,
Қиссаи ишқи ту, овози туро.
Ошиқ:
Биё, ҷони ширин, бибахшо гуноҳам,
Ки чун шоми ҳаҷри ту ман рӯсиёҳам,
Бувад Моҳи гардун ба ишқат гувоҳам,
Ки тобад ҳама шаб ба ашкмм, ба оҳам.
Маъшуқ:
Накунад фоида ин сӯзу гудоз,
Умр чун рафт, намегардад боз.
ВАФОИ ҒАМ
Афсурдахотирам зи нахустин шаби баҳор,
Зеро баҳор мекунадам зору беқарор.
Ман ин баҳорро чӣ кунам, к-ин дили ҳазин,
Як лаҳза нест аз ғаму андуҳ барканор.
Он дам, ки лола сар занаду ғунча бишкуфад,
Аз сӯзи ҳаҷр хун шавад ин қалби доғдор.
Он гаҳ, ки об нолаи ҷонсӯз мекунад,
Ашкам ба дида ояду гардад чу обшор.
Оре, баҳор дарду ғамам тоза мекунад,
Безору хастаам ман аз ин табъи ғамгусор.
Бингар вафои ғам, ки чу тонҳоиям бидид,
Дурӣ накард аз мани дилхаста ҳамчу ёр.
Ҳар кас барад насибе аз ин чархи нилгун,
Моро асири дарду маҳан кард рӯзгор.
Аз бахти хеш, Жола, шикоят намекунам,
Моро чӣ чора бо равиши чархи каҷмадор?
САВДОЗАДА
Мухаммас бар ғазали Ҳофизи Шерозӣ
Ишқат афканд ба ҷон оташу барбодам дод,
Фикри рӯйи ту ҳавои чаманам бурд аз ёд,

пешина
аз 263
навбатӣ