ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Эй Ободони оташнок,
Ту он размандаи мағруру волоӣ,
Ки аз душман надорӣ бок.
Ҳар эронӣ, ки дар дил ишқи пуршӯри Ватан дорад,
Нафас дар сина, то ҷон дар бадан дорад,
Дар ин разми муқаддас бо ту ҳамроҳ аст,
Ки эронӣ ватанхоҳ аст
Ва Эрон ҳеч гаҳ сар хам накарда назди хунхорон.
Басо Чингизу Темуру Ҳалокуҳо ба худ дидаст,
Зи дижхаймон натарсидаст,
Ба по истода чун Албурзу бо ҷаллод ҷангидаст.
Ҳамеша Парчамаш болову боло буда овозаш,
Кунун бингар ба Кирмоншоҳу хуниншаҳру Аҳвозаш.
Ба дигар ҷабҳаҳои гарми пайкораш,
Ба шаҳру рустоҳои пурэсораш.
Ба ҳамкории сангарҳо,
Ба сарбозони ҷонбозаш,
Ба мардону занони зиндагисозаш,
Ки бо номи Ватан
Мардона меҷанганд бо душман.
Эй Ободон!
Суруди фатҳро сар кун!
Хурӯшонтар шаву оҳанг дигар кун:
Бигӯ, мо душмани ҷангем
Бигу, мо ошиқи озодиву имону фарҳангем,
Вале хасми таҷовузгар,
Агар з-ин бештар,
Дар сарзамини мо бирезад хун,
Шавад мағбун.
Ба хашми оташини марду зан савганд,
Ба навзодони захмӣ, навҷавонони ба хун хуфта.
Ба ойини шаҳидони Ватан савганд,
Ки охир наъши душманро,
Ба хорӣ афканем аз хоки худ берун.
Эй Ободон,
Чароғи соҳили Корун,
Башоратовар аз пирӯзии Эрон.
НАҒМАИ ГУЛИ СУРХ
Ман гули сурхам, гули сурхи муаттар,
Дар дили Хуршед дорам ошёна.
Чанд рӯзе ғунча будам,
Бо шукӯҳу шарму нози духтарона,
Дар ҳарири бозувони модарам осуда хуфтам.
Субҳгоҳе арғувонӣ,
Рӯйи сурхам шуд фурӯзон.
Чун гули оташ шукуфтам,
Масти атри худ шудам,
Саршор аз шӯри ҷавонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё