ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Вале дасти пур аз меҳре, ки нафрини худоён буд,
Дуруди ҷовидон бош,
Ниҳон он бачаро парварду ғамгин бӯсаҳо додаш.
Нахустин рӯз чун кӯдак ба мактаб рафт,
Шитоболудаву хомӯш,
Ба девори утоқе шуд се хат манқуш:
«Ин хат, ин нишон, ин шоҳиди болош,
Агар дар умри худ рӯзе шиносад ӯ алиф аз бо,
Иваз хоҳам намуд он рӯз номамро».
Шабе дар хона шуд ҷанҷол,
Фузун шуд сини духтарбача чандин сол,
Ки бахташ во шавад фардо,
Тилоҳо, хончаҳо, раққосаҳо, занҳо,
Писарҳои ҷавон давру бари домод:
«Оҳанги муборак бод».
Тамоми хонаро гаштанд,
Тамоми шаҳрро зеру забар карданд,
Арӯси гумшуда охир нашуд пайдо.
Занон бар сарзанон гесӯи худ канданд,
Арӯсӣ шуд азо,
Мардум пароканданд.
Ғуруб аз кунҷи пастуе,
Зи зери буқчаҳои бастаи сандуқ,
Бурун омад парастуе.
Ба деҳ мерафт ӯ ҳар сол тобистон,
Ҳавои тозаю саҳрои атрафшон,
Ғубори галлаву дуди уҷоқу нағмаи чӯпон,
Миёни дашту саҳро
Кӯдакон
Чун кӯҳҳо урён,
Хӯрокиҳо гарон,
Инсону ғам арзон,
Чу нархи роиҷи сар то сари Эрон.
Саҳаргаҳ духтарак дар ҷустуҷӯи офтобе шуд, Умеду изтиробе шуд,
Уқобе шуд.
Парид аз ошён берун,
Кунун дур аз Ватан
Як шоири чашминтизор аст ӯ,
Ба фардои бузург уммедвор аст ӯ.
ОБОДОНИ ОТАШНОК
Дуруд, эй марзи номовар,
Эй Ободон!
Ту, эй шаҳри ғаюри қаҳрамонпарвар,
Ки фахру сарвати моӣ,
Шукӯҳу шуҳрати моӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё