Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шояд оварданд бо худ муждаи дидори ёрон.
Интизор орад ба бор умедҳо, ошуфтагиҳо,
Ман, ки ҳастам ошиқи бетобии чашминтизорон.
Гар набошад орзуи рӯзгорони тилоӣ,
Ҷон шавад торику тан пажмон зи гашти рӯзгорон.
Тухми хушбахтӣ чу ҳар базри дигар то сабз гардад,
Обёрӣ карданаш бояд ба сад уммедворӣ,
Бесамар ҳаргиз намонад мазраъи уммедворон.
Дар талоши қатраобе сӯхтан сад бор беҳтар,
З-он ки ҳамчу чорпо хуфтан канори ҷӯйборон.
Дил ба дарё мезанад, ҳар кас диле дорад чу дарё,
Нест боке мурғи тӯфонро зи нам-намҳои борон.
Осиёи саркаши тақдир мечархад ба шиддат
Ё ба дастони тавоно чархҳояшро гирифтан,
Ё ба хорӣ хурд гаштан зери чархи беамонаш,
Интихоби раҳ бувад пайваста кори раҳсипорон.

Ман пас аз умре яқинам шуд, ки бо гашти замона,
Боз пирӯзӣ нишинад рӯйи дӯши пойдорон.

ФОХТА

Бо навои дури худ, эй фохта,
Гӯ, кӣ нақди зиндагиро бохта?
Он ки масти бодаҳои беғамист,
Ё касе, к-аз ҷоми ғам ҳушёр шуд?
Он ки дар рӯъёи ҳастӣ зист хуш,
Ё касе, к-аз хоби хуш бедор шуд?

ТУ ҲАСТӢ

Ту нестӣ, ки бинӣ...

Фаридун Муширӣ

Дар он чаман, ки бувад ҷӯйбори обии ӯ,
Зи хуни сарди шафақ пуршарора чун дили мо,
Дар он чаман, ки насими саҳаргаҳаш орад,
Паёми киштии гумгаштаро ба соҳили мо.
Дар он чаман, ки ту ҳастию Соя ҳасту Баҳор,
Агар ки даст диҳад фурсате зи ман ёд ор.
Чу шамъи мурда наям,
Шамъи оташин астам.
Шунидаам, ки намирад касе, ки мунтазир аст
Ва ман зи мунтазирон мунтазиртарин астам,
Пур аз ҳамосаи уммеду муждаи дидор.

Ту, эй ҳамешабаҳор,
Ба рӯйи решаи худ ҷовидон шукуфон бош,
Ки гар талоши шукуфтан зи ёди мо биравад,
Касе, ки ояд фардо,
Ба мо чӣ хоҳад гуфт
Ва он чӣ хонад фардо таронаҳои туро
Ва он ки бинад фардо ҷавонаҳои туро,

пешина
аз 263
навбатӣ