ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Чӣ шодмона бигӯяд:
Дарахти пурсамаре,
Зи тундбод наларзиду қад кашиду шукуфт.
Агар ҳанӯз нарӯида лолаҳои мурод,
Баҳор ҳасту ту ҳастиву боғи навбунёд.
СУРУДИ ҶАВОНОН
Мо ҷавонему ҷаҳони тоза дар оғӯши мост,
Рӯҳи ноороми мо,
Амвоҷи уқёнусҳост.
Роҳи мо - дар тайфҳои ахтарони дурдаст,
Насли мо
Насли навовар,
Аср - асре дигар аст.
Насли навсозему осӣ,
Асри зулму зӯр нест.
Бо асорат,
Бо ситам,
Табъи ҷавонӣ ҷӯр нест.
Наъраҳои тундару фарёди тӯфонем,
Интиқоми асрҳо инсони қурбонишуда,
Инфиҷори хашми хомӯши асиронем мо.
Ваҳ, ки ҷои хуни ҷӯшон,
Шуъла дар рагҳои мост,
Ишқи мо чун лолаҳои устувои оташин,
Нуру нерӯи ҷавонӣ
Машъали фардои мост.
Чун ниҳоли пурҷавона,
Бо тану ҷони ҷавон,
Ғарқи пайванди шукуфоем
Бо ояндагон.
БАҲОРИ МУЖДАРАСОН
Баҳори муждарасон, эй баҳори муждарасон,
Ба базму сангари озодагон гулафшон бош.
Паёми тозаи пирӯзию умед овар,
Барои муртазирон беҳтарин баҳорон бош.
Баҳори тозанафас омаду парастуҳо,
Ба сӯйи лонаи худ шодмона баргаштанд.
Парандагони сафаркарда аз гулистонҳо,
Барои сохтани ошёна баргаштанд.
Ту ҳам ба ёди чаманҳои хуррами ватанӣ,
Ки ҳафтранга зи гулҳои навбаҳор шуда.
Дилат гирифта аз он рӯ, ки сабзаҳои сарат,
Ба рӯзгори ҷудоӣ шукуфадор шуда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё