Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй киштии кабуди чароғонӣ,
Эй киштии кабуди чароғонӣ,
Оё ту аз диёри баҳоронӣ?
Ё пайки пуртаронаи ёронӣ?
Ё як шаҳоби рехта бар обӣ?
Ё он биҳишти гумшуда дар хобӣ?
Ё бо манат нуҳуфта паёме ҳаст?
Наздики шав, бигӯ, ки парешонам .

Эй киштии кабуди чароғонӣ,
Дар интизори лаҳзаи дидорат,
Хоҳӣ агар бигирям, мегирям,
Хоҳӣ агар бихандам, механдам,
К-аз иштиёқ шуъла кашад ҷонам.

Эй киштии кабуди чароғонӣ,
Таркам макун, ки бе ту ғамин астам,
Танҳотарин рӯйи замин астам,
Бо ин дили пуроташи тӯфонӣ,
Гар бо мани ту,
Шодтаринастам .
Эй киштии кабуди чароғонӣ,
Эй киштии кабуди чароғонӣ.

СИТОРАЕ, КИ ШУКУФТ

Ба ёди Фурӯғи Фаррухзод

Ситорае, ки дурахшид дар шаби торик,
Ситорае, ки шукуфт.
Ситорае, ки саҳарро ба чашми хеш надид,
Ситорае, ки ҳазорон фасонаи ғамро
Ба гӯши шеъраш гуфт,
Ситорае, ки дамид
Дар осмони ҳунар.
Шикофт синаи «Девор»-и зулму зулматро,
«Асир» буду раҳи чора ҷусту «Исён» кард.
Раҳо шавад зи асорат асири исёнгар,
Чу ӯ кӣ ёфт дар исён «Таваллуди дигар»?

Ҳамеша орзуям буд бинамаш рӯзе,
Кунам зи шодии дил ғарқи бӯса рӯяшро,
Кунун дар орзуям ғарқи гул кунам хокаш,
Агар гузори ман афтад ба лолазори Ватан,
Ки солҳост ба дил дорам орзуяшро.

Чӣ зуд рафт, Худоё, Фурӯғ хуб накард,
Ситоре буду ниҳон шуд, вале ғуруб накард.

МАЗРАЪИ УМЕДВОРОН

Ҳар кӣ рӯ орад саҳаргаҳ сӯйи саҳрои баҳорон,
Рози рустанҳои навро бишнавад аз сабзазорон.
Аз сафар боз омаданд анбуҳи мурғони муҳоҷир,

пешина
аз 263
навбатӣ