АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ҳамаи ҳамсояҳо дар ҳамин ақидаанд, вале ба гуфтани гапи рост ҷуръат накарданд. Медонӣ мегўянд, ки ҳатто гург дар деҳаҳои гирду атрофе, ки лона дорад ба шикор намебарояд…
– Ту ҳам тарафдори ҳамон милисаӣ – ку!
– Ҳамаи ҳамсояҳо ба номи ана ҳамин милисаи мегуфтагият қасам мехўранд ва ўро дўст медоранд.
– Ту ҳам?
– Ман ҳам акои Сорбонро эҳтиром мекунам.
Хуршед ба курсии мулоиме такя карда, хомўш ба андеша рафт. Дар ҳақиқат ман ҳам бачаи деҳқон будам. Хайр, замона ҳамин хел шуду силоҳ ба даст гирифтам. Хизмати маро қадр карданд ва бо маълумоти педагогӣ соҳиби унвони полковник шудам. Магар ин кам аст? Ҳамсоя рост гуфт, ки ман полковник шудааму одам не. Вагарна баъди ҳамин қадар сол лозим буд, ки боз ҳамон калимаи шўрангезро ба забон биёрам. Ҳақ ба ҷониби ўст ва ман, албатта, аз ў ва ҳамаи ҳамсояҳо барои дарахтро буридан узр мепурсам…
Камолиддинов таваҷҷуҳи корманди милисаро нисбат ба онҳое, ки дар озмун барои ишғоли мансаб иштирок намудаанд дида, дар аввал хафа шуд. Шояд ў ҳеҷ бовар надошт, ки олим шахсе, ки мақоми авалиёгӣ дорад, хун мерезад.
Сорбони Ҳомид хост дубора мақсади хешро фаҳмонад, ҳарчанд худи Камолиддинов мақсади ўро аз суҳбати аввал фаҳмида буд.
Ҳаёт Алиевич ба хулосае омад, ки милиса ҳам метавонад дар кори хеш олим бошад ва дигар баҳсе накарда, аз ҷойи бархоста аз говсандуқ папкаи сурхи ялақосиеро баровард, ки дар як гўшаи он «Материалҳои ба озмун пешниҳодшуда»
навишта шуда буд. Ў ба курсӣ нишаста ҳуҷҷатҳоро аз дохили он берун овард ва баъди азназаргузаронӣ онҳоро ба дасти милисионер дода гуфт:
– Марҳамат, вале ба гумон аст касе аз онҳо қодир бошад, ки даст ба куштор занад.
– Мехостам дар бораи ҳар кадоми дар рўйхат буда фикру ақидаи Шуморо фаҳмам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё