АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Албатта на ҳамаи онҳое, ки дар озмун иштирок намудаанд, кормандони пажўҳишгоҳи мо мебошанд. Вале ман ҳамаи онҳоро ҳамчун олим нағз мешиносам ва борҳо дар суҳбаташон будаам. Ҳатто нафареро аз онҳо гумонбар шуда наметавонам.
Сорбони Ҳомид номи ҳар кадомеро ба дафтарчааш навишта гирифта, бо директор худоҳофизӣ намуда берун баромад…
Дар байни шахсони дар озмун иштироккунанда чор нафар ба ғайр аз Боқиев корманди ҳамин пажўишгоҳ буд ва дар давоми рўз ба ў муясар шуд, ки бо он чор нафар вохўрда суҳбат намояд. Дар байни иштирокчиёни озмун аз пажўҳишгоҳ Мўъминова ном зан низ будааст. Ў дар намуд зани сӣ – сиюпанҷсолаи миёнқад ва лоғарандоме буд. Дар зоҳир ҳатто аз Нигор камие надошт. Дар бораи Давлат Боқиев суханони самимӣ гуфт ва ҳатто шикасти хешро дар озмун ба ёд наовард.
Гуфт, ки илм бе баҳс намешавад ва модоме ки Шўрои илмӣ Боқиевро ғолиби озмун донист, дигар чӣ ҷойи баҳс…
Ба саволи Сорбони Ҳомид, ки дар байни соатҳои 10 – 12 – и рўзи якшанбеи 23 июл дар куҷо буд, Мўъминова ба ягон дудилагӣ ҷавоб дод, ки ҳамон рўз ҳамроҳи писарбачаи ҳаштсолааш дар беморхонаи ҷумҳурявии Қарияи Боло дар шўъбаи ҷарроҳии касалиҳои бачагона буд. Дар нимаи дуюми рўз Сорбони Ҳомид алибӣ Мўъминоваро санҷид, ки кормандони беморхона онро тасдиқ намуданд.
Кормандони дигари дар озмун иштирок карда Маҳмадсафо Вазиров ва Абдурофеъ Абдухалилов он рўзи якшанбе дар тўйи ҳамдиёрашон Хайруллоев дар маҳалаи Кўҳдоман буданд.
Алибӣ онҳо низ худи ҳамон рўз санҷида шуд. Соҳиби тўй ва боз чанд нафари дигар дар он ҷо будани Вазиров ва Абдухалиловро тасдиқ намуданд.
Нафари чорум ин Муллоев Расул аз суоли мондаи Сорбони Ҳомид каме ранҷид.
– О, бародар фарз кардем шумо медонед, ки ҳафтаи гузашта дар куҷо будед?
– Ҳа, медонам, он рўз ман навбатдор будам ва қарибиҳои соати 12 мо ҳамроҳи гурўҳи фаврӣ–ҷустуҷўйӣ ба ҷойи ҳодиса, ҳамон ҷойе, ки ҳамкори шумо афтида буд, рафтем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё