АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Аз куҷо медонед, ки ман ягон дарахт нашинонидам?
– Агар дарахт шинонда онро сабз мекардед, ҳеҷ гоҳ ба чунин кори паст даст намезадед.
– Афсўс, ки соли 92 нест, – гуфт соҳибхона.
– Мешуд чӣ?
– Рост дар пешонит мепаррондам!
– Агар ин гапро дигар кас мегуфт, мегуфтем, ки бечора беақлу тамиз аст, вале шумо полковник шуда бошед ҳам, мебинам, ки одам нашудаед! Наход фоҷиаи миллатро то ҳанўз дарк накарда бошед!? Ҷанги бародаркуш ин бадбахтии мову шумо буд! Дар он ғолибу мағлуб гуфтани гап нест! Дар таърих он ҳамчун фоҷиаи миллати тоҷик мемонад!
– Ту барин лейтенантчаро ман худи фардо аз кор пеш мекунам! Кӣ ҳуқуқат додаст, ки полковникро муҳокима кунӣ!?
– Ман хизматгорат нестам, ки маро аз кор пеш намоӣ! Огоҳ мекунам, ки қадаматро дониста монд, вагарна ягон рўз поятро мешиканам! Ту ҳам фаромўш накун, ки ин соли 92 нест, – гўён Сорбони Ҳомид аз ҷой бархост…
Шаҳло ки дастурхон дар даст ба меҳмонхона меомад қариб буд бо ў бархўрад ва хоҳиш кард, ки:
– Ҳамсоя як пиёла чой гирифта равед.
– Ташаккур, ягон бори дигар,– гўён Сорбони Ҳомид аз дар баромад.
– Чаро аз қафои меҳмон набаромадӣ? Ин корат хуб не, – гуфт Шаҳло.
– Э, мон равад–е! – даст афшонда гуфт шавҳар ва илова кард:
– Афсўс, ки соли 92 нест.
– Э, биё мон ҳамон соли наҳсро.
– Агар ҳамон сол мебуд, магар ҳамин милисача барои як дарахти бесамар маро омада дар хонам муттаҳам мекард!?
Ҳатто андешае накард, ки ман полковникам! Афсўс, ки он солҳо паси сар шуданд, вагарна аз ин хона ўро бо сараш мебароварданд!
– Ман гуфтам – ку ҳамон дарахтро буридан лозим нест, вале ҳеҷ аз якравиат намондӣ. Охир мо дар ин ҷо зиндагӣ мекунем ва бояд бо ҳама дўсту бародар бошем. Дар таги ҳамон дарахт мардум истироҳат мекарданд. Он чӣ ки ҳамсоя омада гапи ростро гуфт хафа нашав.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё