АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

хонда буд дар куҷое. Ба бузургии ин суханон тан дод.
Акнун маҷбур аст бо ҳамин зане, ки ҳамроҳи марди бегона (ў бисёр мехост, ки суханони ноболиғон дар асл тасдиқ нашаванд) дар ошёнаи нўҳуми кўчаи Беҳзод ишқварзӣ кардааст, боз суҳбат орояд.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ қариб тамоми рўз аз утоқи кориаш набаромада, ҳуҷҷатҳои дар истеҳсолот доштаашро санҷида баромад ва ба ҳар кадоми онҳо плану чорабиниҳои иловагӣ тартиб дод. Қарибиҳои шом роҳи хонаро пеш гирифт…
Баъди вохўрӣ бо сайд, бо он оҳубарраи зебо, сайёд қиёматро бо чашмаш дид. Рўзҳои истироҳат чанд маротиба фишори хунаш баланд шуд. Ҳамсараш Рухшона чанд бор духтур ҷеғ заду баъди сўзандору гузаронидан каме ором гардид. Духтурон таъкид карданд, ки илоҷе карда асабашро ором намояд, вале ин ба гуфтан осон…
Агар сайдаш ўро медид бовараш намеомад, ки ў ҳамон сайёди чусту чолок аст…
Ниҳоят ў ҳама фикру андешаро аз сар дур кард ва каме ҳам бошад ором шуд. Ҳамроҳи писараш Файзулло ва духтарчааш Нозанин хело суҳбат кард. Меҳрубониҳои ҳамсарро дида кирдорҳои бади як соли охир кардаашро пеши назар оварда, аз карда пушаймон шуда, ба худ лаънат хонд. Ў ба чеҳраи фарзандон, ки ба худаш як себи дукафон буданд нигариста, суханони Шекспир «Чизе, ки дар зан қабли маро тасхир мекунад, меҳрубонии ўст, на рўйи зебояш, ман занеро бештар дўст медорам, ки меҳрубонтар бошад״ – ро ба ёд оварда, оҳи бадарде кашид: «Ин чизро барвақттар андеша кардан лозим буд, минбаъд танҳо дар зери садои нақораи ў рақс хоҳӣ кард».
Ҳайрон буд, ки чаро дар майнааш чунин фикрҳои шилқин давр мезананд. «Не ман ҳеҷ гоҳ аз Рухшона нияти ҷудошавӣ надоштам он чӣ, ки ба Нигор мегуфтам, ин рўякӣ, беасос буд...
Агар Нигор ҳамин ақидаатро фаҳмад ба пўстат коҳ ҷой мекунад. Як сухани ў тақдири минбаъдаатро ҳал мекунад».
– Дада чаро хомўшед? – пурсид Файзулло.
– Чӣ гўям бачам ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё