АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Расул як квартал пештар аз хонаи Нигор мошинро нигоҳ дошт ва ба Нигор таъкид кард, ки ҳатман телефон намояд…
Нигор ҳанўз аз роҳ нагузашта дид, ки мошини Расул дар маҷрои беканори нақлиёти шаҳр даромада, аз назар пинҳон шуд.
– Ба фикрам ў тарсид, – аз дил гузаронд Нигор. Ҳа, мурданӣ тарсидааст. Не, ў аз ошкор шудани сирри ишқварзиаш натарсид. Мардҳо аз ин чиз ҳарос ҳам надоранд ва ҳатто дили зани бегонаро ба даст овардан барояшон мояи ифтихор аст.
– Пас ў аз чӣ тарсид?
– Исто, исто, ки… нохост зери лаб пичиррос зад ба худ Нигор. Охир он марди аз ошёнаи хонаи Хумор афтида ҳам олим – ку? Шояд онҳо дар як ҷо кор кунанд? Чаро ман ҳамин тарафи масъаларо фикр накардам? Боқиев ва Расул агар дар як ҷо кор мекардагӣ бошанд, дар он ҷо сиррест нуҳуфта…
«Ба ақидаи мо калидҳоро шахсе гирифта метавонист, ки боре ҳам дар он хона будааст ва умуман аз сирру асрори хонадонатон пурра огоҳ аст» – ба ёд овард суханони Сорбони Ҳомидро ва вуҷудаш ларзид.
– Наход Расул…
– Ва бо ҳамин фикру хаёл чӣ тавр то пеши хона омаданашро нафаҳмид…
Сорбони Ҳомид худро маззамат кард, ки чаро субҳи рўзи панҷшанбе аввал ба назди Камолиддинов нарафт. Вале ҳамоно суханони мудири шўъбаи кадрҳои институт Афғоновро ки гуфта буд: «Субҳи имрўз муаллим Камолиддинов ҳамроҳи гурўҳи ҳукуматӣ ба шаҳри Минск рафтанд» ба ёд оварда ором шуд. Акнун то рўзи душанбе интизор шудан лозим меояд…
Ў хост, ки аз нав Бурҳоноваро ҷеғ зада ҳамроҳаш суҳбат намояд, вале фикр кард, ки рўзи шанбе аст ва ёфтани Бурҳонова низ ба гумон. Худо медонад, ҳоло ҳамроҳи шавҳараш дар соҳили кадом дарёст ва ҷўстуҷўйи вай вақти хешро беҳуда сарф кардан аст.
Ў ҳеҷ гоҳ ба эҳсосот роҳ додан намехост, вале баъди нишондоди он бачаҳо дилаш ба ҳоли шавҳари Бурҳонова сўхт… «Зан мисли шароб гарм мекунад ва мисли ях сард»1 1. Сухан аз Л.Н. Толстой.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё