Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар як адиб умед бар он дорад, ки натиҷаи заҳматҳои эҷодиашро доираҳои гуногуни аҳолӣ мепазирад. Аз нигоҳи мантиқ нависанда бояд ҳамеша дар байни халқ бошад ва бо ин амал ҷаҳонбинии хешро ҳамарўза васеъ намояд. Ин амал метавонад боиси шиносоии наздики вай бо хонанда гардад.
Нависанда метавонад ҳодисаро дар шакли аслиаш ба риштаи тасвир кашад, суол ва посухи ба ин тасвир пайдошударо бояд худи хонанда дарёбад. Сухан барои суханвари асил қимати беандоза дорад ва муносибат ба он бояд самимӣ бошад. Ба шарофати сухан инсонро аз дигар мавҷудоти олам ҷудо кардаанд. Маҳз тариқи сухан қавму миллатҳо забони хешро пайдо намудаанд ва аз байн рафтани забон ин худ нишонае аз нобудшавии миллат аст.

  • Дар байни асарҳои рўи чоп омадаи шумо нишонаеро аз жанри хурд надидам. Бовар кардан душвор аст, ки нафари тасодуфан ба саҳнаи адабиёт қадам ниҳода хомаи хешро яку якбора дар жанри калони адабӣ чун роман санҷида бошад?
  • Умқи эҷод ин ба умқи нигоҳи муаллиф вобаста аст. Мегўянд «обро бину мўза каш» ва чун нависанда болои мизони вақт маҷмўи ҳодисаҳо, ғояҳо, ҳаяҷону изтиробро гузошта ба ҷустуҷўи ҳақиқат қадам мениҳад, худи вазн самти ҳаракати вайро муайян мекунад. Вазни миёншиканро дар жанри адабӣ танҳо роман бардошта метавонад. Бояд зикр кард, ки танҳо роман имконияти васеи тасвири ҳақиқатро дорост. Ҳатто бо гузашти асрҳо ин шакли баён тағйир наёфт ва роман чун жанри пешоҳанг дар адабиёт боқӣ монд. Беҳтарин романҳои замони муосир чун нигини адабиёт шинохта шудаанд, ки дар байни онҳо романҳои детективӣ низ ҳастанд. Муаллифоне, ки бо асарҳои моҷароӣ сару кор доранд, бозигари танҳоро дар сари тахтаи шоҳмот мемонанд. Ҳеҷ як асари детективӣ бе иштироки шоҳи сиёҳ- ҷинояткор, шоҳи сафед –муфаттиш, маликаи сиёҳ –ёвари ҷинояткор, маликаи сафед
    –ҷабрдида, афсарон – кормандони бахшҳои ҷустуҷўӣ ва бе сарбозон –шоҳидон арзи вуҷуд дошта наметавонад ва ҳамаи онҳоро худи муаллиф болои тахтаи шоҳмот ҳаракат медиҳад. Дар ҳали проблемаҳои пурпечутоб ва тезутунд намудани ҷараёни воқеаҳо муаллиф танҳо ба жанри калонҳаҷм чун роман такя карда метавонад. Хонандаи закӣ баробари ба даст гирифтани асари моҷароӣ аллакай медонад, ки саҳнаҳои ба қалам додаи муаллиф бо ғалабаи шоҳи сафед поён меёбад, вале ҳаргиз ин пешгўӣ қимати асарро паст намекунад, чунки роҳу усулҳои то ба мара расидан ниҳоят гуногунанд ва маҳз ҳамин ҳолат таваҷҷуҳи хонандаро ба рафти ҳодисаҳо зиёдтар мекунад.
пешина
аз 408
навбатӣ