АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Истеъдоди адиб худодод аст ва он характери инфиродӣ дорад, на ирсӣ...
– Нигоҳи Шумо чун адиб ба сиёсат?
– Дар маҷмўъ давлатро агар чун кошонаи хеш арзёбӣ кунем, пас қоидаҳои хонаводагиро бояд ҳатмӣ ва бечунучаро иҷро намоем. Иҷрои ҳамин қоидаҳоро дар шакли кулл метавон сиёсат номид. Он хуб аст ё не, аҳамияте надорад. Агар сиёсат хуб бошад, онро метавон ба борон, ки вайро раҳмати Парвардигор гўянд ва агар баръакс, онро метавон ба ғубор шабеҳ дод. Пас тасаввур намоед, ки борон гирифт, оё мо метавонем сари хеш ё боми хонаи худро аз он панаҳ намоем? Албатта, не ва аз ғубор ҳам роҳи гурез нест. Пас аз ҳама хубтар он аст, ки мо қоидаҳои хонаводагиро риоя намоем ва ба он арҷ гузорем, маҳз ҳамдилии мо бо аҳли хонадон чароғи кошонаро фурўзон хоҳад дошт.
– Ташаккур.
АДИБ ДАР МАҚОМИ САРБОЗ АСТ1
- То ҷое мо огоҳӣ дорем, Шумо омадани хешро ба саҳнаи адабиёт тасодуфи арзёбӣ намудаед. Ҳангоми қалам ба даст гирифтан, дар замири қаламбадаст чӣ хоҳише ба бор меояд.
Муносибати Шумо ба сухан? - Чун хизмат ба адабиёт ин хизмат ба Ватан аст ва нафаре, ки ба дифои ин Ватан хома ба даст гирифтааст дар мақоми сарбоз қарор дорад. Оне, ки бо амри дил ба ҳифзи марзу буми Ватан мехезад ва агар дар замони хизмат дар набардҳо ширкат намуда бошад, дигар аз ин пайроҳа берун нахоҳад рафт. Охир ў сарбоз аст сарбози Ватан. Маҳз ҳамин масъулият ўро ҳамарўза дунболгир аст, дунболгир чун соя, вале на бояд адиб сояи вақт бошад ва агар чунин аст ў сояи хешро гум хоҳад кард. Сабабҳои хома ба даст гирифтани инсонҳо ҳам гуногунанд, нафареро ҳавои шуҳрат, дуюмӣ ба хотири ба дигаре собит намудани амале, сеюмӣ барои ба даст овардани маблағи муайяне ба ин кор даст задаанд. Ҳамаи ин дар доираи фаҳмишу дониши инсонҳо дар зери меҳвари ягона шуур давр мезананд. Қаламбадастро танҳо як мақсад дар пеш аст, ин ҳам бошад баёни дарду доғи дили хеш ба атрофиён. Ба ин васила вай мехоҳад дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа саҳмгузор бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор