Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин кори нодуруст аст. Ин ду мисраи зебо барои чунин мунақиддони тангназар аст, ки:

Эй мунақид, шеъри ман дарди дил аст,
Дардро таҳлил кардан мушкил аст.

Танқид кардан осон бояд роҳашро нишон диҳанд.
– Яъне, танқидро қабул надоред?
– Танқид агар беғаразона бошад, қабул дорем. Дар замони советӣ Ҷумъа Одина як асари хубу муассире навишт, ки котиби райкоми ҳамон замонро зери тозиёнаи танқид гирифта буд ва он асарро аз чопхона гирифта сўзонданд. Баъди ин муаллиф дар рўйи мизи кориаш аз сактаи қалб вафот кард. Дар замони истиқлолият ин асар мавқеъ пайдо кард ва яке аз асарҳои беҳтарин эътироф гардид.
– Китобҳои Шумо бо дастгирии кӣ мунташир гаштаву ба дасти хонанда расидаанд?Метавон гуфт нависанда аз ин ҳисоб даромади хубе ба даст меорад?
– То имрўз китобҳоям бо сармоягузории худам рўйи чоп омадаанд. Аз як гўшаи зиндагӣ бурида китоб чоп мекунам. Ба хотири фарзандам, ки бояд орзуҳои ўро идома диҳам. Аз 500 китоб метавон маьлағи хубе ба даст овард? Ҳаргиз!
– Кадом китобҳоятон аз Шўрои бадеии Иттифоқи нависандагон гузаштанд ва Шуморо ба узвияти Иттифоқ пазируфтанд?
– Баъди 6 қисса ва чопи ду китоб ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудам. Дар Шўрои бадеӣ устодон Урун Кўҳзод ва Абдулҳамид Самад китобҳоямро муддати ду сол ба муҳокима гирифтанд, баъдан маро ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул карданд.
– Имрўз нигаронии шумо аз чист?
– Нигарониам аз он аст, ки китобхонаҳо ба таври дилхоҳ фаъолият намекунанд. Хонандагон дар музофот камтар ба китобхонаҳо рўй меоранд. Китоб дар китобхонаҳо ҳаст, вале хонанда кам шудааст. Китобхоначӣ хонандаро ба зўр кашида бурда наметавонад– ку!
Дар масъалаи китобу китобхонӣ дар маҷаллаву нашрияҳои ҷумҳурӣ чандин мақола навиштам. Ин дарди як деҳаии кўчаки мо нест, дарди тамоми мардуми кишвар аст.

пешина
аз 408
навбатӣ