АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агар ў зинда мемонду нависанда мешуд, нависандаи беҳтарин мебуд ва ҳам ифтихори падар. Акнун, ки ман қалам ба даст гирифтаву орзуи ўро идома додаму барои поси хотиру зинда мондани номаш нависанда шудам, намедонам ба ҳамон пояе, ки шояд Абдумаҷид мехост метавонам ё на. Ва қарзи дигар наздам ин аст, ки бояд қонунро тавре дар навиштаҳоям тасвир кунам, ки инсонҳо ҳуқуқҳояшонро аз он дарёбанд. Яъне хонандаро ба гумроҳӣ набарам. Худое накарда, ҷойе иштибоҳ кунам, ё хилофи қонун гўям, ин бахшиданӣ нест. Барои адо шудани қарзҳоям ҳамеша кушиш мекунам.
– Соҳибназарон дар он андешаанд, ки ҳама нобиғаҳо, ҳама растагорҳову аломмаҳои ҷаҳон аз домони кўҳистон сар кашидаанд ва Шумо низ аз домони сабзи кўҳстон руставу мутмаинам илҳоматон аз зебогиҳои кўҳсорон пар кушодааст. Самимияту муҳаббататон низ аз обу чашмасорони зулоли баланди кўҳсор обишхур дорад. Вале, мушкилоти як нависанда дар деҳот чӣ аст?
– Дар деҳа ман утоқи кории алоҳида надорам. Мушкилоти як нависанда ин аст, ки сари мизи корӣ баҳузур нишаставу кор карда наметавонад. Корҳои зиндагӣ лаҳза ба лаҳза андешаҳоро пареш мекунанд ва нависандаро аз қаламу коғаз ҷудо месозанд. Ягона чизе, ки дар деҳот нависандаро кумак мекунад ва сари қаламу коғаз мебарад, ин хоҳиш ва завқи ўст.
– Имруз насри тоҷик дар кадом поя қарор дорад?
– Дар Ғарб шеър он қадар мақоми баланд надорад. Ғарбро бо насри баландаш мешиносанд, ба қавли Хайрандеш:
Хуҷанду эҳтиромаш бошад ба шашмақомаш,
Кўлобро бубинед, шуд бо фалак намоён.
Насри Ғарб ниҳоят бақувват аст. Вале ҳеҷ гох, назмаш дар пояи назми Шарқ намеистад. Насри Шаркро низ набояд бо чашми кам дид. Гоҳҳо мешунавем, ки мегўянд, имрўз нависандаи хуб надорем. Барои шинохтани нависандаи хубу нохуб китобҳои онҳоро бояд хонд. Дар наср мо пешрафаем, аммо инро намедонем, чунки намехонем.
– Аммо назари мунақиддон дигар аст...
– Дар мо маҳалгароӣ мисли заҳрпечак дарди бедавоеро мемонад. Ҳар мунақкиде адиберо аз маҳали худаш таърифу тавсиф мекунад. Барои ҳамин хулоса баровардан даркор нест, ки адабиёт тамоман хароб аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор