АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ин ташкил додани намояндагии фарҳангӣ дар назди сафоратҳои Тоҷикистон мебошад. Он гоҳ имкони густариши адабиёти мо дар ҷаҳон чандин маротиба зиёд мешуд. Ҳамчунин тарҷума метавонад асарҳои бадеии арзишманди моро дар кадом жанре ки бошад ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Тарҷума ин як амали некест, ки қавму миллатҳои гуногунро ба ҳам наздик мекунад. Маҳз ҳамин тарҷумаи асарҳо буд, ки мо бо осори адибони бузург аз қабили Ж.
Семинон, А. Конан Дойл, А. Кристи, Г.Х.Чейз, Г. Маркес, Э.
Хеменгуэй, А. Дюма, Р. Ғамзатов, Ч. Айматов ва бисёр дигарон аз наздик шинос шудем. Як мақолаи шоир Аслам Адҳам «Тарҷума шеъри ман аст» то кунун аз ёди ман нарафтааст ва боиси ифтихор аст, ки ин адиби тарҷумон муттаҳидкунандаи қавму миллатҳост.
Дар ин бахш метавон номи Амирқул Насимовро низ ба забон гирифт.
– Гоҳе адабиёти детективиро адабиёти зард ҳам меноманд…
– Гумон намекунам, ки ҳамаи хонандагон чунин андеша дошта бошанд. Шояд ин таъбирро барои он истифода мекунанд, ки детектив чун рўзномаҳои хиёбонӣ дар байни хонандагони касбу кори одӣ маҳбубияти зиёд дорад ва талабот ба он дар савдои кўчагӣ бисёр аст.
Мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои асосии давлат буда, ба ҷуз нависандаи моҷаронавис, ки метавонад чунин ҳодисаҳоро аз нигоҳи қонун ба риштаи тасвир кашад, ба он дигар адибон даст намезананд. То он замоне ки пул ва мол воситаи асосии муомилот ба шумор мераванд, эҳтиёҷ ба асари моҷароӣ боқӣ мемонад.
Ёдовар шуданиам, ки агар чунин намебуд ҳаргиз ба персонажи асари бадеӣ, комиссар Мегрэ аз рўйи романҳои Ж. Семинон соли 1966 дар шаҳри Далфейзеи Ҳолланд пайкара намегузоштанд.
Чунин муҳаббат ба каме аз қаҳрамонҳои асарҳои нависандагони бузурги дунё насиб гаштааст. Пас агар чунин аст асарҳои детективиро набояд бо чашми кам дид…
МИЛИСАЕ, КИ МЕНАВИСАД1
– Рў ба адабиёт овардани корманди милисаро фаҳмидан мехостам.
– Умуман, адабиёт ягона саҳнаест, ҳама халқи ҷаҳон ба он таваҷҷўҳ доранд, қисми зиёде ба ҳайси тамошобин ва қисми каме ба ҳайси бозингар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор